Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи Эътимодномаи аввалин сафири Қатарро қабул кард
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 27 сентябри соли 2013 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ маросими супоридани нусхаи Эътимодномаи аввалин сафири муқими Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баргузор гардид. Пас аз анҷоми маросим мулоқоти вазир бо ал-Муҳаннадӣ доир шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки муносибатҳо байни ду кишвар дар сатҳи ниҳоят баланд қарор доранд. Барои дар чунин сатҳи баланд қарор доштани муносибатҳо сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар ва Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 заминаи мусоид гузоштанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо таъйини аввалин Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо байни ду кишвар, махсусан дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат таҳкими бештар хоҳанд ёфт.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






