Шиносоии Э. Раҳмон бо кори корхонаи хурди саноатии мебел, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳраки Андигони шаҳри Ваҳдат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори пурсамари корхонаи хурди саноатии мебелсозӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ шинос шуд.Тавре аён гардид, дар ин корхона беш аз 70 нафар ҷавонону духтарон соҳиби кори доимӣ гардидаанд. Дар ошёнаи якуми корхона коргоҳҳои мебелсозӣ ва оҳангарӣ ҷойгир шуда, дар ҳар яки он даҳнафарӣ ҷавонон ба кору ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд.Дар коргоҳи мебелсозии он, асосан навъҳои гуногуни мебелҳое сохта мешаванд, ки арзиши гарон надошта, барои оилаҳои камбизоат ва миёнаҳол пешбинӣ шудаанд.10 нафар ҷавонон, ки дар коргоҳи оҳангарӣ машғули коранд, дар ин ҷо ҳам ҳунар меомӯзанд ва ҳам маҳсулоти гуногун истеҳсол намуда, 700 сомонӣ маоши моҳона мегиранд.Онҳо дар ин ҷо аз оҳан дару дарвоза, панҷара, симтур, мех ва бисёр маҳсулоти дар сохтмон васеъ истифодашаванда истеҳсол мекунанд.Дар коргоҳи дӯзандагӣ бошад, ки дар ошёнаи дуюми корхона ҷойгир шудааст, 50 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Онҳо дар ин ҷо ба духти либосвории гуногун, аз ҷумла барои мактаббачагону табибон, коргарони касбу кори мухталиф, арӯсу домод, болопӯшҳои ҷойхоб ва ғайра машғул буда, ҳамчунин ҳунари гулдӯзию зардӯзӣ меомӯзанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






