Қоҳир Расулзода — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2013 14:50

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Қоҳир Расулзода 8 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1982 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — гидротехник хатм мекунад ва худи ҳамон сол фаъолияти меҳнатиашро ба сифати техник- лаборанти лабораторияи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз менамояд. Тӯли фаъолияти кории пурсамари худ Қоҳир Расулзода шуруъ аз соли 1985 то соли 2000 аз вазифаи устои колоннаи сайёри механиконидашудаи № 4 иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой»-и шаҳри Хуҷанд то сардори иттиҳодияи мазкур фаъолият мебарад.  Меҳнати софдилона ва хадамоти пайваста сабаб мешаванд, ки Қ. Расулзода соли 2000 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад ва то соли 2006 дар ҳамин мансаб ифои вазифа менамояд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2006 то 23 ноябри соли 2013, яъне муддати 7 сол дар мақоми Раиси вилояти Суғд фаъолият мебарад.Қоҳир Расулзода тӯли солҳое, ки роҳбарии вилояти Суғдро ба ӯҳда дошт, бо хоксориву ҳалимӣ ва дар айни ҳол сахтгирии худ тавонист корҳои назаррасе барои ҷомеи вилояти Суғд анҷом бидиҳад. Аз ҷумла дар фосилаи раёсати Қоҳир Расулзода дар вилояти Суғд на танҳо ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ афзуд, балки маблағгузорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш мутаносибан нисбат ба солҳои қаблӣ бештар гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи роҳбарии худ Қоҳир Расулзода нишон дод, ки метавонад маблағҳои буҷетро дуруст истифода бибарад, ки ин албатта натиҷаи боровари худро ба дунбол дошт. Аз ҷумла дар солҳои роҳбарии Қоҳир Расулзода ҳаҷми буҷети давлатӣ ба таври чашмрас афзоиш ёфт. Агар дар соли 2007 даромади буҷети вилоят 199 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас дар соли 2012 ин адад ба беш аз 766 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Ҳамакнун маврид ба зикр аст, ки буҷети вилояти Суғд барои соли 2014 дар ҳаҷми 1 миллиарду 38 миллион сомонӣ қабул гардидааст, ки натиҷаи корбарии дуруст ва кадри шоиста будани Қоҳир Расулзода аст. Арқоми мавҷудаи оморӣ нишон медиҳанд, ки дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳои назаррас мавҷуданд. Масалан, агар дар соли 2006 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ 112 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондод дар соли 2012-ум нисбат ба соли 2006 беш аз 5 баробар зиёд шудааст. Аз ҷумла, маблағгузории соҳаи маориф 3,7, соҳаи тандурустӣ 7,2, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1,9 ва бахшҳои фарҳангу варзиш 21 баробар беш гардидааст. Ба ҷуз ин зикри ин нукта низ муҳим аст, ки дар фосилаи роҳбарии Қоҳир Расулзода дар вилояти Суғд иншооти гуногун сохта ба истифода дода шудааст. Дар давоми солҳои 2006-2012 ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмони асосии вилоят бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ нисбат ба нишондиҳандаи соҳа, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи то соли 2015» пешбинӣ гардидааст, 5,1 маротиба зиёд мегардад. Дар ин муддат ба миқдори 1090,1 миллон сомонӣ корҳои пудратӣ ба сомон расонидашуда, дар ҳаҷми 3259,5 миллон сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин дар фосилаи зикр гардида аз маблағҳои буҷети вилоят садҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иҷтимоӣ бунёд гардидаанд. Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо 25 ҳазор ҷои нишаст, муҷассамаи падари шеъри форсӣ — Абуабдулло Рӯдакӣ, «Кохи матбуот», силсилаи фаввораҳо ва «Ҳавзи шиноварӣ», муҷассамаи асосгузори нахустдавлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ, Маркази истироҳатӣ ва солимгардонии наврасону ҷавонон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, беморхонаҳои эндокринологӣ ва гемотологии бачагона, маркази вилоятии солимгардонии шараёни дил, навсозии Қасри маданияти Арбоб ва бунёди маркази фароғатию фарҳангӣ дар назди ин қасри овозадор, Чойхонаи миллӣ дар “Боғи Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, литсеи Президентӣ, хобгоҳ барои толибилмон ва манзили истиқоматӣ барои устодон дар шаҳри Чкалов, мактаб ва хобгоҳ барои хонандагони лаёқатманд дар ноҳияи Б. Ғафуров, Кӯдакистони Президентӣ дар Хуҷанд ва даҳҳо муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд гардидаанд, ки айни замон мавриди истифодаи сокинон ва меҳмонони вилояти Суғд мебошад. Яке аз корҳои созандагие, ки аз ҷониби собиқ раиси вилояти Суғд ва ҳамакнун Сарвазири Тоҷикистон ба таври густурда ба роҳ монда шуда буд, ин навсозии роҳҳо ба ҳисоб меравад. Бо дастгириву ташаббусҳои бевоситаи Қ. Расулзода ба маблағи 200 миллион сомонӣ роҳҳои дохилии Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Ашт, Мастчоҳ, Истаравшан ва ғайра навсозӣ гардиданд, ки ҳамаи ин барои беҳ гардонии некуаҳволии мардум ва шароити зисти ҷомеа нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки Қоҳир Расулзода дорандаи мукофотҳои давлатӣ буда, барои фаъолияти меҳнатиаш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон» сарфароз гардидааст. Ҳамакнун собиқ раиси вилояти Суғд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Барои Қоҳир Расулзода хостори барору комёбӣ ва мувафаққият ҳастем. Бигзор дар мақоми сарвазирӣ низ корҳои дар ёд мондание анҷом бидиҳад ва барои беҳбудии зиндагии ҷомеа талош варзад. Андар Раҳмонӣ журналис

Ноябрь 27, 2013 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд