Барқияҳои шодбошӣ аз Президенти Украина, Сарвазири Ҷумҳурии Туркия ва Президенти ифтихории Бунёди Хайриявии «Тоҷикистон»

Ноябрь 9, 2013 17:01

Президенти Украина Виктор Янукович ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!Таҳнияти маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.Пирӯзии комили Шумо нишонаи ҷонибдории маруми тоҷик аз сиёсати пешгирифтаи Шумост, ки ба рушди устувори иқтисоди мамлакат ва некӯаҳволии мардуми он нигаронида шудааст. Боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои созандаи миёни Украина ва Тоҷикистон дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб минбаъд низ дар асоси муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум рушд хоҳанд ёфт.Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович сиҳатии комил ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон саодатмандиву рифоҳро таманно дорам”.Дар барқияи шодбошии Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Раҷеп Тайип Эрдоган омадааст:“Ҷаноби Президент,Бародари олиқадр,Дар натиҷаи интихоботи президентии рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузоргардида, бори дигар Ҷаноби Олӣ, ба мақоми Президентӣ интихоб гардиданатон шахсан аз номи худам ва халқи турк Шуморо ва халқи бародари тоҷикро самимона бо беҳтарин таманниёт табрик мегуям.Баргузории муваффақонаи интихобот дар шароити оромии комил хурсандиовар мебошад. Таманнои онро дорам, ки натаҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат меорад.Орзумандам, ки дар ин марҳилаи нав инкишофи соҳаҳои иқтисодиёту сиёсати кишваратон давом ёфта суботу рифох афзоиш хоҳад ёфт. Кишвари Туркия то имрӯз мисли пештара низ кӯшиши ба рушду таҳким равоннамудаи Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав ҳамкорӣ ва равобити миёни Туркияву Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои мутақобила равнақ меёбад.Бо истифода аз фурсат ба Шумо ва халқи бародари Тоҷикистон саломатӣ, хушбахтӣ ва беҳбудӣ орзумандам”.Габриел Давидов, Президенти ифтихории Бунёди Хайриявии «Тоҷикистон» дар номаи шодбошии худ мегӯяд:“Эмомалӣ Шарифовичи азиз!6-уми ноябри соли 2013 — аз нав барои ҳафт соли оянда ба мансаби Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон дар ҳаёти халқи тоҷик ва дӯстони содиқи Тоҷикистон, ки сокини Амрикоянд, рӯйдоди басо муҳим буд. Ман аз номи оилаи худ, дӯстони амрикоиатон, инчунин аз номи ҷомеаи 50- ҳазорнафараамон Шуморо аз самими қалб ба муносибати ғалабаи комилатон дар интихобот табрик гуфта, ба Шумо, оилаатон ва кулли мардуми тоҷик саодатмандӣ ва сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.Мо шаҳрвандони амрикоии мутаваллиди Тоҷикистон бо Шумо – Сарвари давлат ифтихор дорем. Зеро таҳти роҳбарии Шумо аснои ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум истиқлолияти кишвар ҳифз гардида, дар Тоҷикистон бунёди муваффақонаи ҷомеаи демократӣ оғоз шуд ва Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонид, ки ҷонибдори ғояҳои демократӣ аст.Дубора интихоб гардидани Шумо кафолати идомаи дӯстӣ бо Амрико ва итминон ба ҷонибдории минбаъдаи кишварҳоямон дар самти мубориза бо терроризми байналмилалист.Мо — дӯстони содиқи Шумо ҳамеша ҷиҳати таҳкими дӯстӣ миёни мардуми Тоҷикистону Амрико, инчунин ҷиҳати болобурди сатҳи зиндагии мардуми тоҷик талош хоҳем кард.Ба Шумо дар корҳои некатон, ки ба манфиати мардуми тоҷик равона гардидаанд, муваффақиятҳо таманно дорем”.

Ноябрь 9, 2013 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд
Huawei дар Берлин дастгоҳҳои нави пӯшидашавандаро муаррифӣ ва оғози давраи тозаи инноватсияро эълон намуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Олмон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!