Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 28, 2013 16:34

Бетартибиҳои оммавӣ дар Бангладеш Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар пойтахти Бангладеш- шаҳри Дакка бетартибиҳои оммавӣ ба амал омаданд. Аҳолии ин мамлакат аз интихоботи парлумонӣ, ки бояд 5-уми январи соли 2014 гузаронида шавад, изҳори нигаронӣ мекунанд. Иштирокдорон ба кормандони мақомоти полис муқовимат нишон дода, талаби мавқуф гузоштани интихоботи парлумонӣ ва истеъфои сарвазири мамлакат Шайх Ёсинро доранд. Ҳангоми бетартибиҳо 7 кас ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Бояд гуфт, ки амнияти шаҳрро 8 ҳазор нафар корманди мақомоти полис таъмин менамояд. Дастгир намудани қаллобон дар РусияДушанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Волгогради Федератсияи Русия як гуруҳ кормандони хоҷагии коммуналӣ бо ҷурми даст доштан дар амалҳои қаллобӣ ва аз худ намудани маблағи зиёд айбдор дониста мешаванд. Тафтишот муайян кард, ки ширкатҳои таъминоти обу газ ва нерўи барк аз пурра пардохт намудани маблағ ба муассисаҳои хизматрасонӣ дурӣ меҷустаанд. Дар айни ҳол қарзи умумии ширкатҳо 4 миллиард рублро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки 90 дарсади аҳолӣ маблағи истифодаи обу газ ва барқро пурра пардохт намудаанд. Дар айни ҳол тафтишот атрофи ин қазия идома дорад. Баҳсҳо миёни Чину Ҷопон Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Ҷониби Пентагон тасдиқ кард, ки ҳавопаймоҳои ҳарбии Амрико вориди минтақаи назоратии ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қисми шарқии обҳои баҳрии ин мамлакат гардидаанд. Намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Амрико оид ба анҷоми парвози ҳавопаймоҳо дар фазои Сенкаку таъкид доштааст. Бо мақсади ба даст овардани ин ҷазира дар байни Япония ва Чин баҳсҳои сарҳадӣ идома доранд. Ҷазираҳои Сенкаку таҳти назорати Япония қарор гирифта бошанд ҳам, киштиҳои ҳарбии Чин пайваста ба ин минтақа ворид мешаванд ва барои киштиҳои мамлакатҳои дигар монеа эҷод мекунанд.Лоиҳаи Парлумони Португалия Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Порлумони Португалия лоиҳаи буҷаро барои соли оянда тасдиқ кард. Тибқи лоиҳаи нав бояд 3 миллиарду 900 милион евро маблағҳои буҷавӣ коҳиш дода шуда, ҳаҷми андоз зиёд шавад. Ҳадаф аз амалӣ намудани ин иқдом кам кардани норасоии маблағи буҷа то андозаи 4 дарсад аз Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ унвон мегардад. Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони мамлакат тақозо доранд, ки ба сиёсати иқтисодии кишвар ислоҳот ворид шавад. Мутобиқи лоиҳаи нави буҷа 6 ҳазор корманд аз шуғли доимӣ маҳрум мегардад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 28, 2013 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад