«Чеҳраи Хатлон» аз чоп баромад
Қӯрғонтеппа, 26 ноябр. (АМИТ«Ховар», Мурод Сотиев). -Дар нашриёти «Шарқи озод» китобе бо номи «Чеҳраи Хатлон» бо теъдоди 1000 нусха дар ҳаҷми 562 саҳифа ба нашр расид. Дар китоб маълумот оид ба таърихи нашрияи вилоятии «Хатлон», фаъолияти корӣ ва зиндагиномаи беш аз 120 нафар кормандони собиқ ва феълии рӯзнома гирд оварда шудааст.Китоб аз таърихи беш аз 80-солаи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар вилояти Хатлон — «Сохтмони зарбдори Вахш», ки ҳоло нашрияи «Хатлон» меросбари ин рӯзнома мебошад, ҳикоят мекунад.Ҳамчунин дар ин маҷмӯа дар шакли қомус маълумот оид ба кору эҷоди беш аз 120 корманди собиқу имрӯзаи ин нашрия, намунаҳои беҳтарини эҷодиёти онҳо гирд оварда шудааст.Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, ки мутаассифона, то ҳанӯз таърихи пайдоиш ва ҷараёни инкишофи ин рӯзнома, вазифаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он, нақши рӯзнома дар беҳсозии вазъи ҷомеа аз ҷониби олимону муҳаққиқон пажуҳиш ва аз нуқтаи назари илм арзёбӣ нашудааст, тасмими нашри ин маҷмӯа гирифта шудааст.Мураттиб ва муҳаррири маҷмӯаи мазкур журналист Носирҷон Маъмурзода мебошад.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






