Хадамоти муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзиро дастгирӣ хоҳад кард

Ноябрь 13, 2013 16:00

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Тавре ки иттилоъ дорем, 29 октябри соли ҷорӣ  дар шаҳри Маскав  Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расид. Барои пурра  ошно гардидан  бо ин протокол бо муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Анвар Бобоев суҳбат намудем, ки фишурдаи онро пешкашатон мегардонем: 
 
-Анвар   Абдуллоевич, дар бораи лоиҳаи Протокол, ки санаи 29 октябр дар шаҳри Маскав  имзо гардид, ба хонандагони мо маълумот медодед 
 
-Ба ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум аст, ки рўзи 29 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ  ба имзо расид, ки минбаъд,  баъд аз  тасдиқ гардидани протокол дар сатҳи Парлумони ду ҷониб, иҷозати кор барои шаҳрвандони ҶТ- муҳоҷирони меҳнатӣ ба муддати то се сол тамдид мешавад. Ҳамзамон пас аз тамдиди иҷозати кор ба муҳлати  то се сол дар қаламрави ФР будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ  низ то се сол бе хориҷшавӣ аз ҳудуди ин кишвар давом дода мешавад. Ин маънои онро  дорад, ки мутобиқи Қонунгузории Федератсияи Русия ва Созишномаи байни ҶТ ва ФР дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки 16 октябри соли  2004 ба  имзо расида аст, имрўз ҳар шаҳрванди хориҷӣ ва аз он ҷумла, шаҳрванди Тоҷикистон,  ки дар Русия фаъолияти корӣ дорад, метавонад дар муддати то  як сол  дар асоси шартнома ё қарордод бо корфармои Русия фаъолият карда, пас аз 1 сол ба ватан баргардад. 
Акнун, пас аз тасдиқи протокол аз ҷониби Парлумони ду кишвар  муҳоҷирони меҳнатии кишварамон  метавонанд то 3 сол дар қаламрави Русия фаъолият кунанд. Бояд зикр намоям, ки  чунин имтиёз танҳо нисбат ба  муҳоҷирони  Тоҷикистон қабул гардидааст ва он бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат  амалӣ гашта,  нисбат ба давлатҳои  дигар чунин имтиёз вуҷуд надорад.   
Муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия фаъолияти корӣ доранд, бояд  мутобиқи қонунгузории Русия  барои давом додани фаъолияти кории худ ё ки расмӣ гардонидани фаъолияташон дар ФР бо корфармои  ФР қарордоди расмӣ банданд. Ҳамзамон корфармо метавонад бо муҳоҷири меҳнатӣ  ба муҳлати 1 ё 2 сол қарордоди корӣ бандад. Агар  касбу ихтисос  ва забондонии муҳоҷирони тоҷик ба корфармо мақбул афтад, он гоҳ  қарордоди корӣ, албатта, ба муҳлати то  се сол баста мешавад. 
 
-Оё  иҷозати кори сесола имконият медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик  ҳар сол барои аёдати оилаашон ба зодгоҳашон баргарданд? 
 
-Имрўз муҳоҷирон ва намояндагони ВАО бо суолҳои зиёд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат мекунанд, ки оё ҳамаи муҳоҷирон то се сол метавонанд дар Русия кор кунанд ва ҳар сол ба ватан баргарданд?   Албатта, агар қарордод байни  муҳоҷири меҳнатӣ ва корфармо  ба муҳлати  се сол ба имзо расонида шавад,  муҳоҷири меҳнатӣ ҳуқуқ дорад  ҳар сол баъди анҷоми кори яксола тибқи кодекси меҳнати ФР ба ватан баргардад ва рухсатии меҳнатӣ гирад.  Ин меъёр ба ҳама маълум аст ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин  масъала бояд маълумоти пурра дошта бошанд. Агар дар ин масъала саволҳои иловагӣ пайдо гарданд, шаҳрвандон  метавонанд ба идораҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои он  дар вилоятҳо  муроҷиат карда,  посухи пурраро ба даст оранд.  
 
-Мегуфтед, ки оё Хадамоти муҳоҷират дар соли 2013  боз ягон ҳуҷҷати муҳимро ба имзо расонидааст?
 
-Бояд зикр намоям, ки ба имзо расонидани Протокол байни ҶТ ва ФР оид ба ворид намудани тағйирот ба  Созишнома байни ду ҷониб дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ин ҳуҷҷати дуюм мебошад. Тавре  ки маълум аст, 8 феврали соли 2013 дар шаҳри Маскав байни Тоҷикистон ва Русия  Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ФР ба имзо расид. Мутобиқи созишномаи мазкур минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Русия ворид мегарданд, ҳуқуқ доранд ба муҳлати то 15 рўз бе  қайд дар ҳудуди ФР будубош намоянд.  Пас аз 15 рўз, агар онҳо хоҳиши давом додани будубош дар Русияро дошта бошанд, бояд тибқи қонунгузории Русия  дар Хадамоти муҳоҷирати Русия худро ба қайд гузоранд. Ҳоло тибқи қонунгузории Русия шаҳрвандони  хориҷие, ки ба ФР ворид мегарданд, бояд дар муддати 7 рўзи корӣ  худро ба қайд монанд. Ва ин ҷо боз такроран мегўем, ки соли ҷорӣ  ин имтиёзи  дуюм нисбат ба Тоҷикистон буда, чунин имтиёз нисбат ба муҳоҷирони дигар давлатҳо пешниҳод нашудааст.  Танҳо давлатҳои Беларус ва Қазоқистон, ки онҳо бо ФР аъзои  Иттиҳоди гумрукӣ мебошанд, шаҳрвандонашон дар қаламрави якдигар то 1 моҳ бе қайд озодона будубош менамоянд.  
 Ҳамин тавр, соли 2013 бо дастгирии бевоситаи роҳбари давлат ва Ҳукумати ҶТ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ 2 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Баъди тасдиқи ин ҳуҷҷатҳо, фаъолияти муҳоҷирон дар Русия беҳтар мегардад ва ин албатта ба  кори хадамот беҳбудӣ меорад.
 
-Ғайр аз Федератсияи Русия  Тоҷикистон  боз бо кадом давлатҳо дар соҳаи муҳоҷират ҳамкории зич дорад?
 
— Ҳукумати ҶТ ба ғайр аз  Созишномаи байни ФР ва ҶТ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин  бо Ҷумҳурии Қазоқистон соли 2006,  бо Ҷумҳурии Қирғизистон соли 1998 ва бо Беларус соли 2011 Созишномаҳои байниҳукуматиро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонидааст.  Мутобиқи дастурҳои Ҳукумати ҶТ Хадамоти муҳоҷират ният дорад бо дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик низ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ созишнома ба имзо расонад.  Ин пеш аз ҳама кишвари Иёлоти муттаҳидаи Араб,  Қатар, Арабистони Саудӣ, Украина ва дигар кишварҳое, ки бозори меҳнати онҳо талабот ба қувваи кори хориҷӣ  доранд. Лекин дар ин самт Тоҷикистон бояд системаи касбомўзии шаҳрвандонро хеле пурзўр гардонад, зеро рақобати бозори меҳнати байналмилалӣ сол аз сол шиддат мегирад.  
Бинобар ин, Хадамоти муҳоҷират мақсад гузоштааст, ки самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар сатҳи байналмилалӣ қарор дода шавад ва муҳоҷирони меҳнатӣ тавонанд бо касбу ихтисоси зарурӣ ва донистани забони хориҷӣ дар кишварҳое, ки ба онҳо ниёз доранд, сафар карда фаъолият кунанд.  
 
-Дар ояндаи наздик Хадамоти муҳоҷират чӣ нақшаҳо дорад?
 
-Нақшаи Хадамоти муҳоҷират дар солҳои наздиктарин ба имзо расонидани якчанд лоиҳаи созишномаҳо бо дигар кишварҳо  мебошад, ки зикр кардем. Инчунин  яке аз масъалаҳое,  ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва Хадамот  мавриди баррасӣ қарор дорад, ин ҳавасманд кардан ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷа буда ва шаҳрвандони бурунмарзиамон  барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Таҷрибаи бисёр кишварҳо нишон медиҳад, ки кор дар ин самт натиҷаҳои хуб медиҳад. Роҳбари давлат дар ҷаласаи ҳукуматӣ, ки моҳи октябр барпо гардид,  нисбат ба ин масъала супоришҳои мушаххас дод ва мо бояд ҳамватанони бурунмарзиамонро дар сохтмони иншоотҳо, корхонаҳо, дар истеҳсолот ва дар пешбурди соҳибкории хурду миёна ҷалб намоем.  Яъне, он соҳибкорони тоҷике,  ки дар хориҷа фаъолият мекунанд ва имкон доранд ба ватани худ кўмаки амалӣ расонанд, онҳоро ҳавасманд намуда,  дар рушди ҷомеа истифода барем.  
Мутобиқи  фармони Президенти мамлакат аз 21  январи соли 2011, таҳти № 1014 яке аз вазифаҳои Хадамоти муҳоҷират ин робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад. Бинобар ин Хадамоти муҳоҷират  дар соли оянда бояд ин самти фаъолияти худро пурзўр намояд. Тавре ки маълум аст, дар Федератсияи Русия  81 диаспораву ҷамъиятҳои тоҷикон,  инчунин дар Амрико ва мамлакатҳои Аврупо фаъолият мекунанд.  Хадамот  нақша дорад робитаи худро бо ин диаспораҳо пурзўр намуда, ҳамватанони бурунмарзиро дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо  барои рушди Тоҷикистон ҳавасманд намояд. Ин яке аз мақсадҳои Хадамоти муҳоҷират мебошад, ки солҳои наздиктарин амалӣ карда мешавад.  
Нисбат ба ин масъала, Ҳукумати ҶТ Консепсия оид ба  ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди  ҷомеаро қабул намуд, ки баъдан  нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи консепсияи мазкур тасдиқ гардид ва дар он  масъалаҳои зарур барои ҳалли ин мақсадҳо  дарҷ гардидаанд.   
Ҳукумати ҶТ моҳи октябри соли 2011 «Стратегияи  миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро   ба хориҷа барои солҳои 2011-2015»  тасдиқ намуд  ва дар ин стратегияи миллӣ нақшаи чорабиниҳо низ муайян гардиданд,  ки дар иҷрои  он қариб ҳамаи вазорату идораҳои  дахлдор дарҷ шудаанд. 
Муҳоҷирати меҳнатӣ имрўз масъалаи афзалиятноки ҷомеа  буда, ҷиҳати ба танзим даровардани соҳаи муҳоҷират дар Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ҳамчун мақоми ваколатдор барои иҷрои Стратегияи мазкур нақша дорад, моҳи декабри соли ҷорӣ дар Хадамот  конфронси илмию амалӣ баргузор намуда, доир ба  иҷрои бандҳои чорабинии «Стратегия барои солҳои 2011-2015» бо дигар идораҳои дахлдор тадбирҳо андешад.
Тавре ки маълум аст, имрўз дар Тоҷикистон қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷират» амал дорад ва Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати такмили қонунгузорӣ  бо кўмаки бевоситаи Ҳукумати мамлакат Лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ»-ро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатию ғайридавлатӣ  таҳия намудааст. Лоиҳаи қонуни дуюм «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл» мебошад, ки қабули ин ду лоиҳа имконият медиҳад самти муҳоҷирати меҳнатиро хеле  беҳтар гардонад. Имрўз ҳуҷҷатҳои мазкур  дар мувофиқаи вазоратҳои дахлдори мамлакат қарор доранд ва мо итминони комил дорем, ки то охири соли ҷорӣ ин ду лоиҳаи қонунро ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намоем. 
Ҳамзамон яке аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ин ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ мебошад.  Аз охири соли 2012 то имрўз кормандони хадамот бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо,  ҷамоатҳо,  мақомоти маҳаллӣ ва муҳоҷирон вохўриҳо доир  намуда, дар ин давра зиёда аз  400 ҳазор адад буклети иттилоотӣ  барои муҳоҷирон нашр намуд. Буклетҳо дар нуқтаҳои муҳоҷиратии назди  гузаргоҳҳои сарҳадӣ  ҳангоми сафар ба хориҷа, дар роҳҳои оҳан ва фурудгоҳҳо, инчунин дар ҷараёни вохўриҳо ба шаҳрвандон ройгон тақсим карда мешаванд.  
Моҳи гузашта хадамот инчунин қарордоди се ҷониба бо Ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» ва Созмони байналмилалии муҳоҷират ҷиҳати бурдани корҳои иттилоотю  фаҳмондадиҳӣ  бо муҳоҷирони меҳнатиро ба имзо расонид. Мо  дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират диски иттилоотӣ омода намудем, ки дар ҳавопаймоҳо ва фурудгоҳҳо  намоиш дода мешавад. Дар он оид ба қонунгузориҳои кишварҳои хориҷа дар самти муҳоҷират, дар бораи фаъолияти  Хадамоти муҳоҷират, суроғаҳои намояндагии хадамот дар Федератсияи Русия ва Сафорати ҶТ дар ин кишвар ва дигар маълумотҳо пешниҳод мегарданд, то ҳар муҳоҷир пеш аз сафар  аз қонуну қоидаи кишвари қабулкунанда огоҳ бошад.  
Корҳои фаҳмондадиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ  яке аз вазифаҳои асосии хадамот буда, имрўз мо дар ин самт корҳои зиёдро ба анҷом расонидем ва дар оянда низ ин иқдомро идома хоҳем дод. 
 
-Ташаккур барои суҳбат.  

Ноябрь 13, 2013 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд