Ин ҳама — бод, ин ҳама -жож, ин ҳама ҳеҷ…
Посух ба Фирӯзи Абдуҷаббор ё як гумноме дар паси ин номДушанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамин сарлавҳа унвони номаи ман ба Додоҷони Атовулло буд (ниг. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», шамораи 44), вале дар идораи ҳафтанома онро бадал карданд ба «Ман гиряи Президентро дидаам». Ҳоло дидам, ки ба жожномаи Фирӯзи Абдуҷаббор ( минбаъд хонда шавад Абдуқаюми Қаюмзод ) аз ин дида унвони арзандатаре нест.Аслан метавонистам ин ҳарзаномаи сардаргумро беҷавоб бигзорам, мисли раҳгузаре, ки ба аккоси шабонаи саги велгарде вокуниш нишон намедиҳад.Саге буд дар дашт, г… хӯрда мегашт.Ё мисли табибе бошам, ки ҳазёни бемореро нишонаи заъфи ҷисмонӣ ё равонӣ медонаду бас.Чизе, ки маро ба навиштани посух такон дод, дастдарозии ин гумном ба гиребони поки падару модари бузургворам буд, дигар чӣ ҷои тардид, чӣ ҷои худдорӣ?!Баҳси ман бо Додоҷони Атовулло баҳси сиёсӣ, баҳси ҳирфаӣ, бархурди ақидаҳо, нуқтаназарҳо ва дидгоҳҳо буд. Сагдаҳано, ту дар ҷое аз навиштаҳои ман дидӣ, ки ба шахсияти ӯ ё хешу ақрабои ӯ чанг зада бошам (ҳарчанд, ки метавонистам даҳхо саҳифа дар ин боб нависам) . Ман ба ӯ бо «шумо», бо «азизам» ва бо «оғо» муроҷиат кардам, чун насиҳати падар дорам, ки ҳатто бо тифли навзод ҳам бо «шумо» муроҷиат кунам. Вале ту , ки бӯе аз насиҳати падар набурдаӣ ва фитрату ҳиммату сиришти паст дорӣ, ин баҳсро кашонидӣ ба пастиҳо, ба пастиҳо, ба пастиҳо, ба он сатҳе, ки бархурди ақидаҳо поён мепазирад ва ба истилоҳ «тую ман»-у таҳқири шахсиятҳо оғоз меёбад. Барои ман дигар илоҷе намемонад. ҷуз ин ки аз он авҷи осмонҳо лаҳзае поён оям то ба сатҳи ту (фақат лаҳзае!), то тавонам ба чашмонат нигарам ва посухе дархури туву зоти ту гуфта бошам.Вале башараи ту намебинам, куҷо ҳастӣ? Фақат ҷонвареро мебинам мисли шутурмурғ, сар зери хок пинҳон карда, бехабар аз он, ки ақибтанааш намоён аст. Ту ҳастӣ ? Заҳраи бо шери жаён даровехтан надорӣ, ин ҳама ғавғо чаро?! ….Ман ку он паём ба Додоҷон Атовуллоро бо ному имзои акси худам ба нашр расонидаам. Ту ки бо ман сари баҳс дорӣ, паси имзои мустаор чаро пинҳон шудаӣ, вале ақибтанаат намоён аст, мешиносамат.Гуфтаӣ воруӣ нестам, чаро худро ҳамдеҳаи Додоҷон ба қалам додам? Кавдано, дар куҷои мақолаи ман хондӣ, ки гуфта бошам «воруиям»? Манзурам ин буд, ки деҳоти ҷамоаи Воруро ҳанӯз 50 сол пеш ба дашт кӯчонда, дар деҳ муттаҳид карда буданд, ки имрӯз номаш Рукнобод аст.Не, ман воруӣ нестам (ҳарчанд нисфи Воруи шариф ақрабои мананд). Маро намешиносӣ? Номам Абдулазиз, писари Сангини Ҷумъаи Зимтудиям. Вале ту пеш аз он ки номи падари бузургвори маро ба забон гирӣ , даҳони носолудатро оби таҳорат гардондӣ ?! Ё манқурте ҳастӣ, ки гузаштаи нангини хонаводаатро фаромӯш кардаӣ?! Агар фаромӯш кардаӣ, аз насли калонсолтари деҳ бипурс, қиссаи аз Вору бадарға шудани Қаюми ғадудро (ба иллати ғадуди бузурге дар пешониаш чунин лақаб гирифта буд) , бо оилааш бароят нақл кунанд. Он вақт хоҳӣ донист (мутмаинам ки медонӣ), ки оилаи радди маъракашуда се сол дар хонаи Сангини Ҷумъаи Зимтудӣ сарпаноҳ ёфт ва резахӯри хони ӯ буд…. Агар ин саргузашт ҳам ба дардат намехӯрад ва сӯзиши ақибтанатро таскин намедиҳад, ҳикояти дигареро бароят пеш оварам: Сангини Ҷумъа аввалин шахсе буд,ки ба деҳи Вору нур овард-ҳам нури ба истилоҳи он замон иличӣ (нахустин устои барқи ҷамоати Вору буд) ва ҳам нури маърифат (аз аввалин омӯзгорони ин деҳ буд). Вале ӯ барои мардуми ин деҳа хидмати таърихии дигаре ҳам анҷом додааст. Барои ин ки ҳисси кунҷкобиатро бедор созам, ба тариқи муаммо мегӯям : ӯ ба ин деҳа аввалин дарзмолро оварда буд. Онро ҳар рӯз бо навбат ба талабае медод, то либосҳои аҳли хонаводаашро утюг бизанад. Он замонҳо дар деҳкадаи Вору шиму костюм намепӯшиданд, изору пироҳани урфӣ ку ба дарзмол ниёзе надошт. Муаммо : пас манзур аз ин кори Сангини Ҷумъа чӣ буд? Умедворам лутф кунӣ ва дар ҳарзаномаҳои минбаъдаат ба он посух бигӯӣ.Дар мавриди он ки гӯё роҷеъ ба Султони Ҳамад мақолае навишта бошам ва ғайра. Мақсади палидатро фаҳмидам: мехоҳӣ дар атрофи номи ман ҳарчи бештару густурдатар ҳангома ба по намоӣ, дигаронро тез кунӣ. Дорӣ бо ҳован об мекӯбӣ. Ман бо Султони Ҳамад чаҳор сол дар як утоқи донишҷӯӣ зиндагӣ кардам, як бурида нони донишҷӯиро бо ҳам дидаем ва нисбаташ эҳтироми хоссае дорам, ҳаргиз дар борааш бо бадӣ ном набурдаам. Ва нисбат ба корҳое ҳам, ки имрӯз анҷом медиҳад-сомонаи интернетиаш, ҳафтаномааш, навиштаҳояш дар бораи шахсиятҳои сиёсию фарҳангии Афғонистон таваҷҷуҳ ва эҳтиром қоилам. Агар ӯ ҳамон Султон Ҳамадест ,ки мешиносамаш- боғурур, рӯинтан , побарҷо ва собит- ҳаргиз ба васвасаҳои шайтоне чун ту ниёз надорад.Навиштаӣ намедонӣ дар Дания чӣ кор мекунам? Пас гӯш фаро деҳ: коршиноси масоили баҳамгароии миллатҳо дар шаҳрдории Копенгаген ҳастам, бар изофа тарҷумонӣ ҳам мекунам, забонҳои даниягӣ, шведӣ, норвегӣ (форсию русӣ ба сари худ)- ро балад ҳастам. Кавдано, мегӯӣ ба хотири мансабу хона он мақоларо навиштаам?! Моҳонаи ман ҷамъулҷамъ изофатар аз ҳафт ҳазор доллари амрикоист, кадом мансабу вазифа дар Тоҷикистон ин миқдор моҳона дорад, ки ман ба хотири он мақола навишта бошам?!Ба хотири хона мегӯӣ? Дар Душанбе хонае харидаам, ки 150 ҳазор доллар арзиш дорад. Ё ҳар гоҳ ҳам ки аз деҳи боло аз ақиби хару бузғолаҳоят ҷониби Рукнобод сарозер шудӣ, сари роҳ самти рости дарёи Киштуд виллаи сеошёнаеро мебинӣ, онро ҳам аз ҳисоби ҳамин маоши ҳалол сохтаам, бачаи гапдаро шавӣ, як гӯшаашро бароят иҷора медиҳад, ройгон . Ҳамон тавре ки падарам авлодатро дар хонааш ҷой дода буд….Манқурто, умедворам гӯшаҳое аз хотираи торикатро рӯшан карда ва туро боре бо худат шиносонида бошам. Ба бақияи жожномаат даххо нафар аз хонандагони сомонаи «Озодагон» посух гуфтаанд, ки агар хоҳам бо як ҷумла ҷамъбасташон кунам, мешавад боз ҳамон — Ин ҳама -бод, ин ҳама жож, ин ҳама ҳеҷ……Дигар маро раҳо кун,ман шаҳбозам- дар ин пастиҳо бо ту нафасгир шудам. Агар боли парвозе, ҷуръати парвозе, ҳаммати парвозе дорӣ , сар аз зери хок бурун ор, ба авҷи осмонҳо биё бо ман! Агарам на, ту бошу он пастиҳо… пастиҳо… пастиҳо…. Азиз Сангин








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






