Инъикоси таърихи миллат дар осорхонаҳо

Ноябрь 2, 2013 11:46

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти осорхонаҳои мактабӣ ва расонидани ёрии методӣ кормандони илмии Осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) Саодат Фаткуллоева ва Қурбоналӣ Гадоев тӯли як ҳафта аз осорхонаҳои ноҳияҳои Восеъ ва Ховалинг дидан намуданд.Кормандони осорхона аз осорхонаҳои мактабии таърихӣ- кишваршиносии рақами 7-и қишлоқи Гулистони ноҳияи Восеъ дидан намуданд. Дар осорхонаи мактабӣ нигораҳои дохили осорхона 1400 — номгӯйро ташкил медиҳанд. Осорхона аз ҷиҳати нигораҳои ҷамъшуда ғанӣ буда, вале ба шуъбаҳо ҷудо карда нашудааст.Бинои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии №17-и ноҳияи Восеъ барои ба шуъбаҳо ҷудо кардани нигораҳо хурдӣ мекунад. Аз гуфтаҳои мудири осорхона Умар Ҳусейнов маълум гашт, ки як қисми нигораҳоро аз сабаби нарасидани ҷой дар хонааш нигоҳ медорад. Ба осорхонаи мактабӣ ҳамаи омӯзгорон аъзо буда, дар ҷараёни таълими фанҳои адабиёт, таърих, ҷуғрофия, кимиё, таърих аз нигораҳо истифода мебаранд ва инчунин дар дохили осорхона машғулият мегузаронанд.Инчунин кормандони осорхонаи АТТ аз Осорхонаи ба номи Восеи ноҳияи Ховалинг дидан карданд. Осорхона ба шуъбаҳо ҷудо шуда, дар он нигораҳо ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро инъикос менамоянд.Омӯзгорон аз ин воситаҳои аёнӣ пурра истифода бурда, хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ҷасурӣ тарбия менамоянд. Инчунин дар ин ҷо нигораҳо ва бозёфтҳои кишоварзӣ, кишваршиносӣ, асбобу анҷоми ҳарбии қадимӣ ва ороишӣ мавҷуданд. Мудири осорхона Раҷабалӣ Камолов, набераи Восеи қаҳрамон аст. Сарвари осорхона доимо дар ҷустуҷӯ ва дар талоши бартараф кардани камбудиҳо мебошад. Зимни сафари хизматӣ кормандони илмии Осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои беҳтар шудани сифати кори осорхонаҳои мактабӣ, ки дар таълим ва тарбияи хонандагон нақши муҳим мебозанд, пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Ноябрь 2, 2013 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад