Мӯсоев: Татбиқи ҷазо кам мешавад

Ноябрь 22, 2013 10:10

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Солеҳ ).- Одинахон Мӯсоев, сармутахассиси Маркази таълими судяҳо дар назди Шӯрои адлия гуфт, таъйини ҷазои ҷиноӣ нисбат ба маҳкумшудаҳо ба давлат зарари иқтисодӣ мерасонад. Ӯ афзуд, ки яке аз ҷанбаҳои барномаи ислоҳоти суди ҳуқуқӣ, ин кам кардани иҷрои ҷазои ҷиноӣ аст: “Шояд дар таҳрири нав бисёртар ҷазоҳо дар шакли ҷарима татбиқ шаванд”. Ба гуфтаи Мӯсоев бояд пешбинӣ шавад, ки ҷаримаи маъмурӣ аз ҷаримаи ҷиноӣ тафовут дорад, зеро баъзе ҷазоҳое дар қонунгузории ҷиноӣ пешбинӣ шудаанд, ки аз Қонуни асосӣ бармеоянд.Одинахон Мӯсоев афзуд, ки барқарор намудан ё ташкили судҳои рафиқона зарур аст, зеро ин гуна судҳо метавонанд ба судҳои шаҳру ноҳиявӣ тақвият бахшанд ва бештаре аз нофаҳмиҳое, ки миёни оилаҳо, бародарон сар мезананд, на судҳои амалкунанда, балки додгоҳҳои рафиқона метавонанд онҳоро баррасӣ кунанд. Ва ба ин васила зарурати шикоятҳои зиёд ба судҳои болоиву доғдор намудани оилаҳову бародарон намемонад.

Ноябрь 22, 2013 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад