Мубориза бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ кори саҳл нест

Ноябрь 8, 2013 11:36

             Душанбе, 8 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси боби 2-и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ташкилоте, ки  ба гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ,  иттиҳоди ҷиноятӣ мусоидат менамояд,  фаъолияти он дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, молу мулкаш мусодира гардида,  ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Ин матлабро Абдуманнон Холиқов- муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ дар ҷараёни муаррифии лоиҳаи ин қонун дар Парлумони мамлакат гуфт. Мавсуф зимни ташреҳи лоиҳаи қонун доир ба хатарҳои ҷаҳони муосир, хусусан олами ҷиноӣ дахл намуда, таъкид кард, ки дар замони феълии раванди ҷаҳонишавии босуръати арзишҳо ва  манфиатҳо дар баробари пешравию  дастовардҳо,  инчунин хатарҳои  ҷиддӣ пеш омадаанд. Аз  зумраи хатарҳои ҷаҳонӣ, ки ба низоми  ҳуқуқии давлатҳо, фазои иқтисодӣ,  амният, ваҳдати инсоният таҳдид  мекунанд, афзоиши босуръати ҷинояткории муташаккилона ва муттаҳидгардии шоха ва оилаҳои ин падидаи манфӣ дар ҷомеаи башарист, зеро тибқи оморҳои  расмии байналмилалӣ зараре, ки  ба инсоният аз ҷиноятҳои муташаккилона расонида мешавад, сол то  сол афзоиш ёфта,  даромади  солонаи ин навъи ҷинояткорӣ то 500 миллиард  $-ро ташкил медиҳад. Дар пасманзари ин омор ҳаёти миллионҳо инсонҳо, амну суботи садҳо оила, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи халқу миллатҳо  меистад. Танҳо аз фурӯши маводи мухаддир гуруҳҳои муташшаккили ҷинояткор солона то 300 миллиард $  фоида ба даст меоранд. Гуруҳҳои ҷинояткори муташаккил бо имкониятҳои молиявии   иқтисодӣ ва ҳатто ҳарбию сиёсии худ дар баъзе  аз кишварҳои ҷаҳон  то он дараҷа нуфуз пайдо кардаанд, ки хатари онҳо ба ҳастии давлатҳо,  иқтисодиёти кишварҳо ва амнияти миллатҳо таҳдиди воқеӣ доранд. Мисол,  гуруҳи ҷиноятии муташаккилонаи  «Коза Ностра»-и Амрико бо 40 ҳазор аъзо ва   25 оила,  мафияи «Ситсилия» дар Италия бо 50 ҳазор  аъзо ва 150 оила, гуруҳи ҷинотии «Якутӣ» дар Ҷопон бо  23 ҳазор  аъзо ва 750 оила ва мафияи «Гонконг Креатив» /Триад/  бо 40 ҳазор аъзо ва 10 ҳазор оила ба хатари воқеии амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии  кишварҳои мазкур табдил ёфтаанд. Хатари  дигари  ҷиддии ҷаҳонӣ, ки  аз раванди мазкур сарчашма  мегирад, ин муттаҳидшавии сохторҳои  таркибии ҷинояткории муташаккилона  ва  дар раванди ҷаҳонишавӣ бо  мақсади молиявии сиёсӣ  рӯ ба муттаҳидшавии байналмилалӣ овардани  созмонҳои бонуфузи ҷиноятӣ мебошад.  Дар ин росто  Созмони Милали Муттаҳид /СММ/  бо назардошти вазъияти ба амал омада, 13  декабри соли 2000  Конвенсия оид ба мубориза  бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллиро қабул кард. Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ 29 майи соли 2002 Конвенсияи мазкурро ҷонибдорӣ намуд. Мақсади асосии  узвияти кишвари мо ба ин  Муоҳидаи СММ  мусоидат ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди  ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллист. 
             -Таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур,- мегӯяд Абдуманнон Холиқов,- тағйироти куллиеро дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ба миён меорад. Муовини аввали вазири адлияи кишвар афзуд, ки ҳадафи асосии гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор асосан ба даст овардани маблағ, хусусан даромади калони моддию молиявӣ буда, онҳо дар кишварҳое фаъолияти густурда доранд, ки аз лиҳози сиёсӣ заифанд, зеро онҳо дар ин маврид фишангҳои иқтисодиро ба даст гирифта,  соҳиби маблағҳои калон мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки як самти лоиҳаи қонуни мазкур ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва шаҳрванд нигаронида шудааст, зеро дар Қонуни асосии кишвар озодии  инсон ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои он арзиши олӣ маҳсуб меёбад.
          Ҳамзамон Саттор Холов- муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки лоиҳаи қонун  асосҳои ҳуқуқии сиёсати  давлатии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаро муқаррар менамояд, зеро дар шароити феълӣ ҷинояткории муташаккилона яке аз мушкилоти нозук ва хатарноки ҷомеа ва давлат буда, дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозокунандаи ҳалли саривақтӣ ва стратегия ба шумор меравад, ки мутаассифона, дар фазои қонунгузории кишвар то имрӯз санади махсус бар зидди ин раванди иҷтимоию ҷиноӣ арзи вуҷуд надошт. Саттор Холлов афзуд, ки бо қабули қонуни нав -« Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»  метавонем комилан муносибати давлату ҷамъиятро ба ин зуҳуроти номатлуб тағйир диҳем.
 

Ноябрь 8, 2013 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд