Оғози маъракаи овоздиҳии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2013 06:10

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Субҳи имрӯз соати 6:00 маъракаи овоздиҳии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботӣ оғоз гардид. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар номзад, ки бо қарорҳои дахлдори КМИР ба қайд гирифта шудаанд, рақобат мекунанд. 
Натиҷаҳои нахустини пешакии овоздиҳӣ имрӯз, 6 ноябр соати 10:00 эълон хоҳад шуд. Гуфтанист, ки барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби КМИР 68 комиссияи ҳавзавӣ ва 3158 участкаи интихоботӣ дар саросари кишвар ташкил шудааст. Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди кишвар зиндагӣ доранд, дар 27 давлати хориҷӣ 61 участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст. Аз ин теъдод қитъаи овоздиҳӣ танҳо 24 -тоаш дар шаҳрҳои гуногуни Русия ташкил шудааст. Участкаҳои интихоботӣ, ки дар хориҷи кишвар таъсис дода шудаанд, дар Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмансур №3 ба қайд гирифта шудаанд.Тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишвар, ки синнашон ба 18 расидааст, ҳуқуқи овоз додан дар интихоботро доранд.Ҷараёни баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 500 нозири байналмилалӣ, беш аз 6 ҳазор нозири миллӣ ва беш аз 100 нафар намояндаи расонаҳои иттилоотии хориҷӣ мушоҳида мекунад. Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки қисмати бештари нозирони хориҷиро ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 159 нафар, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) 183 нафар, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 35 нафар ва Ассамблеяи Парлумонии САҲА 48 нафар ташкил медиҳанд. Ҳамзамон раванди баргузории интихоботи президентиро дар Тоҷикистон 9 нафар нозир аз Парлумони Аврупо, 8 нафар аз Созмони Ҳамкории Шанхай, 33 нафар нозирони байналммилалӣ аз Амрико, 8 нафарӣ аз Чину Британияи Кабир ва Ҷопон, инчунин 2 нафар аз Арманистон ва 1 нафар аз Фаронса мушоҳида менамоянд.Тазаккур додан бамаврид аст, ки маъракаи овоздиҳӣ имрӯз соати 20:00 анҷом меёбад.

Ноябрь 6, 2013 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд