Таъсири нерӯгоҳҳои хурд ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Рашт
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Чанде пеш Маркази САҲА дар Тоҷикистон аз хусуси таъсири нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Рашт гузориш дод. Тавре ки аз Маркази САҲА хабар доданд, зимни ҳамкорӣ бо Маркази Тоҷикистону Норвегия оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ аз моҳи март то моҳи октябри соли 2013 дар деҳаҳои Боқи Раҳимзода ва Тагоб тадқиқот гузаронида шуд. Гуруҳи коршиносон рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, ҳамчунин иқтидори гидрологии дарёҳои водии Раштро арзёбӣ намуда, дар асоси натиҷаҳои тадқиқот ба мақомоти маҳаллии ҳокимият барои беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа тавсияҳо ироа намуд. Назар ба гуфтаи муовини роҳбари Маркази САҲА дар Тоҷикистон Ҳанс Питер Ларсен, бо дарназардошти иқтидори зиёди гидрологии кишвар бояд зикр намуд, ки ин ибтикор қадами муҳиме дар роҳи рушди устувори Тоҷикистон маҳсуб меёбад.Дар семинар бахшида ба гузориш дар бораи таъсири нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Рашт беш аз 50 нафар намояндагони мақомоти ҳокимият, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, коршиносони бахши захираҳои об ва энергетика ширкат доштанд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






