2,1 миллион $-қарзи БИР барои татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии пойтахт
Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тасҳеҳ ба Созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»-ро 11 декабр вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат -Маҷлиси намояндагон тасдиқ намуданд. Ҷамолиддин Нуралиев- муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ дар ҷараёни тавзеҳи санади мазкур дар назди вакилони Парлумони мамлакат гуфт, ки тибқи тасҳеҳ ба Созишномаи мазкур барои идомаи татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе 2,4 миллион $, аз ҷумла қарзи имтиёзнок 2,1миллион $ аз ҷониби БИР ва 0,3 миллион $ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Қарзи мазкур дар давоми Созишномаи асосии қарзи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БИР дар соли 2003 баста шуда, барои пурра ба анҷом расонидани қисмати 4-уми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе равона гардида, шартҳои созишнома бетағйир монда шудаанд. Муовини аввали вазири молия кишвар афзуд, ки меъёри фоизи ҳаққи хизматрасонӣ то дуюним %-и солона, муҳлати қарз то 25 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ 7 сол пешбинӣ гардидааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур барои сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ, бехатар ва эътимоднок гардонидани он равона гардидааст. Дар марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур чор қисмати сохтмонӣ ва барқаросозии иншоотҳои обтаъминкунӣ ба нақша гирифта шуда буданд. Аз ҷумла, қисмати якум беҳдошт ва барқарорсозии ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ва гузаронидани корҳои электромеханикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии худҷореъ, қисмати дуюм кандани чоҳҳои амудӣ дар истгоҳи обтаъминкунии фишорӣ, қисмати сеюми лоиҳа сохтмони ҳавзи нави оби тоза бо 30 ҳазор метри мукааб дар истгоҳи обтаъминкунии Кофарниҳон «КАФ-1» таҳия шудааст. Қисмати чоруми он барои барқарорсозии истгоҳи обтаъминкунии соҳили чапи дарёи Кофарниҳон «КАФ-2» равона шудааст. Ҳамзамон Шарофиддин Сироҷов — вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, ки тасҳеҳ ба Созишномаи мазкур 2 июли соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст ва аз ҷониби Президенти кишвар ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ироа гардидааст. Ҳадафи созишнома беҳтар намудани сатҳи обтаъминкунӣ ба аҳолии пойтахт ва барқаросозии истгоҳи обтаъминкунии соҳили чапи дарёи Кофарниҳон «Каф-2» аст.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






