Конфронси «Авруосиё ва Аврупо: ҳамкорӣ ба хотири фарҳанги сулҳ ва рушди инсон» дар Париж
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар»). — 3-4 декабри соли 2013 дар шаҳри Париж конфронси «Авруосиё ва Аврупо: ҳамкорӣ ба хотири фарҳанги сулҳ ва рушди инсон», ки Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва Федератсия барои сулҳи умум ташкил намудаанд, баргузор гардид. Федератсия барои сулҳи умум-ин ташкилоти ғайридавлатии байналмилалист, ки дар ШИИ СММ (ЭКОСОС ООН) мавқеи машваратӣ дорад. Ин ташкилот иттиҳоди ташкилотҳо ва шахсони алоҳидаро дар бунёди сулҳ дар саросари ҷаҳон, ки ҳама мардум тавонанд дар озодӣ ва ҳамзистии мутаносиб зиндагӣ кунанд, пешкаш менамояд. Дар конфронс зиёда аз 300 нафар намояндагони беш аз 30 кишвари ҷаҳон – сиёсатшиносон, олимон, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пажуҳишгоҳҳо ва марказҳо, журналистон ва дигар фаъолони ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустамҷон Солиев сухан гуфта, китоби «Меъмори сулҳ» («Архитектор мира», “The Architect of Peace”) оид ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишварро муаррифӣ намуд. Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин иттилоъ дод, ки китоб бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ моҳи сентябри соли 2012 дар Брюссел нашр шуда буд. Дипломати тоҷик аҳамияти байналмилалии таҷрибаи Тоҷикистон дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ бо роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон, оид ба зарурат ва муҳимияти қабули ин намуна ҷиҳати ҳалли муноқиша дар дигар минтақаҳои ҷаҳонро махсус зикр намуд. Вай таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки намунаи дастовардҳои сулҳи Тоҷикистонро бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ ва САҲА беҳамто эътироф кардаанд. Сафир Р. Солиев ба танзими ҳалли мушкилоти Афғонистонро бо роҳи қабули намунаи танзими муноқишаҳо байни тоҷикон ишора намуд. Дар конфронс ҳамчунин котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода сухан гуфт. Вай доир ба моҳият ва мазмуни киоби «Меъмори сулҳ» муфассал нақл кард. Аз ҷумла, муаллифи китоб зикр намуд, ки дар солҳои душвори ҷанг Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ камолот ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро бо азамати шахсии худ ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ ба ҳайрат гузошт. «Шаҳодати рӯшани хирадмандӣ ва дурандешии Эмомалӣ Раҳмон дастоварди сулҳ ва ризоият миёни ҷонибҳои ҷанг, муттаҳид намудани ҷомеаи тоҷикон ба хотири ояндаи дурахшон буд, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун зуҳуроти сиёсии беназир ва фавқулодда нақш бастааст. Ҷомеаи Тоҷикистон ояндаи худро дар корнома ва фидокориҳои самимонаи роҳбари худ, роҳбарии мақсадҳои олӣ ва барномаҳои воқеии Президенти худ, ки татбиқашон оғоз шудааст, мебинанд», — зикр намуд А. Шарифзода. Дар конфронс ҳамчунин муовини директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Сайфулло Сафаров ва мудири шуъбаи таърихи нави Пажуҳишгоҳи таърих, археология ва этнографии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштирокдорони конфронс ҳамдилона ба як фикр омаданд, ки моҳият ва асоси дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро корномаҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои олии миллии ӯ, лоиҳаҳо ва барномаҳои ҳақиқии манфиатовар, ки ба миллат қувваи нав бахшида, ҳиссиёти миллӣ ва руҳи иқтидори тоҷиконро бедор намудаанд, ташкил медиҳанд.








Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд






