Ҳолати воқеӣ вобаста ба 200 мошини дуздӣ аз Олмон

Январь 8, 2014 17:09

Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар»).-Аз нимаи дуюми моҳи декабри соли ҷорӣ дар баъзе аз сомонаҳои интернетӣ мақолаҳое интишор шуда истодаанд, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 200 адад мошин, асосан тамғаи BMW, ки аз Олмон рабуда шуда будаанд, дарёфт гардидаанд. Муаллифон бо такя ба мақолаи дар рӯзномаи олмонии Bild ба чопрасида, қайд мекунанд, ки мошинҳои рабударо дар ҳудуди Тоҷикистон ба воситаи системаи GPS ошкор кардаанд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, чӣ хеле ки маълум аст, воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон аз Олмон ва давлатҳои назди Балтика асосан ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан ва ё  роҳи заминӣ cурат мегиранд. Ҳангоми интиқол додан зиёда аз 6-7 ҳазор километр ва қаламрави як қатор мамлакатҳои аъзои шартномаи Шенген (Олмон, Лаҳистон, Литва, Латвия) ва ИДМ (Беларус, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон) убур мешавад, яъне бе мамониат сарҳади давлатӣ ва гумрукии тақрибан 10 кишварро мегузаранд, ки дар дидбонгоҳҳои ин кишварҳо ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситаи нақлиёт, мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Дар Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10.1999 сол «Дар бораи тасдиқи тартиби қайди давлатии воситаҳои нақлиётии механикӣ ва ядакҳо» ба воситаҳои нақлиёт баъди санҷиши ҳаматарафа ва пардохти боҷи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои гумрукӣ дода мешаванд, ки дар асоси онҳо мошинҳо бо тартиби муқарраргардида, дар қайди давлатӣ дар ҷузъу томҳои бақайдгирӣ-имтиҳонотии БДА гузошта мешаванд ва дар навбати худ ин ниҳод гувоҳнома оид ба бақайдгирӣ ва аломатҳои давлатии бақайдгириро медиҳад. Ҳамзамон барои аз қайди БДА баровардан ба мошинҳои нав 3 моҳ муҳлати маҳдудият дода мешавад.
Ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтан ҳар як мошин бо системаи ASF ва I-BATCH, ки бо портали I-Link котиботи Генералии Интерпол пайваст аст, санҷида мешавад. Дар сурати аз ҷониби системаи мазкур ошкор шудани воситаи нақлиётии рабудашуда ва ё дуздӣ, дарҳол ба таври автоматӣ ба ташаббускори кофтуков хабар дода мешавад. Ташаббускори кофтуков, бояд дар навбати худ тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро тайёр намуда, бо роҳҳои дипломатӣ ба кишваре, ки мошинҳо ёфт шудаанд, фиристад.
Мавриди зикр аст, ки то ҳоло ягон хабари расмӣ аз ташаббускори кофтуков аз Олмон ба Бюрои миллии «Интерпол» ворид нашудааст.
Дар Котиботи генералии Интерпол махзани ахбор (SMV) оид ба воситаҳои нақлиётии рабудашуда созмон дода шудааст, ки воситаи муҳим дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. 
Дар айни замон  дар махзани ахбори Интерпол 7,6 миллион воситаи нақлиёти рабудашуда, ба қайд гирифта шудааст.
Дар давоми 3 соли охир аз рӯи иттилооти баъзе расонаҳо аз ҳудуди Олмон зиёда аз 50 ҳазор воситаи нақлиёт рабуда шудааст.
Аз соли 2011 то инҷониб, ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиётие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, 127 далели ворид намудани мошинҳои рабудашуда  ба қайд гирифта шудааст, ки 57-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Аммо бояд қайд намуд, ки мошинҳои нишондодашуда бо системаи GPS баъд аз 2-3 моҳ ва баъзан баъди ним сол ва зиёда аз ин ба қайди кофтуков дохил шуданд, яъне  аз тарафи Олмон ҳангоми дар қайд гузоштани нақлиёти рабудашуда, ба кашолкорӣ роҳ додаанд.
Дар бораи ҳар як далели он, ба роҳбарияти ВКД сари вақт хабар дода шуда, бо супориши онҳо маводи ҷамъовардашуда оид ба воситаҳои нақлиётии нишондодашуда, ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод  шудаанд.
Инчунин бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба бақайдгирии мошинҳои нишондодашуда ва хариду фурӯши онҳо маҳдудият гузошта шудааст.
Бинобар ин шаҳрвандон нисбат ба ин маҳдудият ба суд муроҷиат намуда, эътироз оварданд, ки дар вақти харид ва ба қайд гузоштан, мошин дар кофтуков қарор надошт.
Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро баррасӣ намуда, 55 нафар соҳибони ин гуна мошинҳоро харидорони поквиҷдон эътироф намуд, чунки онҳо ин моликиятро ба воситаи дасти сеюм ва чорум харидорӣ намуданд.
Воситаҳои нақлиётӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Олмон ва кишварҳои назди Балтика ворид гашта, аз ҷониби шахсони алоҳида  аз соҳибкорони маълуми ин давлатҳо харидорӣ мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи мошинҳои нишондодашуда рӯйхати алоҳида дошта, ягонтои он ба номи аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хешовандони наздик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.
Тавре ки маълум аст, ҳамаи коргузорӣ, ҳамкории байнидавлатӣ ва байнимақомотӣ ба воситаи ба имзо расонидани шартномаҳои дуҷониба, яъне дар асоси заминаи ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд. Аммо миёни Тоҷикистон ва Олмон ягон ҳуҷҷати ба имзорасида дар ин самт вуҷуд надорад ва механизми дастгир кардан ва баргардонидани наклиёти рабудашуда пешбинӣ нашудааст.
Бинобар  аз ҷониби мо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният омода шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Дар моддаи 13-и ин лоиҳа мубориза бо дуздӣ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт дар миқёси байналмилалӣ дарҷ шудааст. Аммо то ҳоло ҷавоби расмӣ оид ба лоиҳа ба суроғаи мо аз ҷониби Германия ворид нашудааст.
Мавриди қайд аст, ки пешравии лоиҳаи Созишнома баъди вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Грен, ки 20-уми сентябри соли 2013 баргузор гардид,  ҷоннок гардид. Дар вохӯрии мазкур вазири корҳои дохилӣ ба маълумоти сафир расонид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2011 лоиҳаи Созишномаи мазкур қабул гардида, моҳи феврали соли 2012 ба роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби Олмон фиристода шудааст. Пешниҳодҳои тарафи олмониро қабул намуда, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  2 июли соли 2012 лоиҳаи аз нав коркардшударо ба Олмон ирсол намуд. Бинобар ин вазир аз Холгер Грен хоҳиш намуд, ки барои ҳарчи тезтар ба имзо расонидани ин ҳуҷҷати муҳим мусоидат намояд.

Январь 8, 2014 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад