Гурӯҳҳои ҷинояткор фош гардиданд

Январь 28, 2014 12:10

 
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова).- Соли  2013 кормандони  мақомоти  корҳои  дохилӣ  14  гурӯҳи  муташаккили  ҷинояткорро   фош  намуда,  118  нафар  аъзои  ин  гуруҳҳоро  дастгир  карданд.  Дар  ин  бора  муовини  аввали  Вазири  корҳои  дохилии  ҶТ  Абдураҳмон  Бузмаков  зимни  вохӯрӣ бо  журналистон  хабар  дод.
 
Маълум  шуд, ки гурӯҳҳои  ҷинояткор  беш  аз  90 ҷинояти  вазнин  содир  намуда,  аз  ҷумла  дастаҳои  ғайриқонунии  мусаллаҳ  ва  гуруҳу  созмонҳои террористиро  таъсис  додаанд. 
 
Назар ба  хабари  намояндаи  Вазорати  корҳои дохилӣ,  соли  гузашта  дар  ҷараёни  чорабиниҳои  фаврӣ  48  нафар  аъзои  созмонҳои  террористӣ,  аз ҷумла  31  нафар  аъзои   Ҷунбиши  исломии  Ӯзбекистон,  17  нафар  аъзои  созмони  «Ансоруллоҳ»,  6  нафар  аъзои  Абдулло  Раҳимов  дастгир  шуданд. 

 

Январь 28, 2014 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад