Таҳкими ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қатар
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ вохӯрӣ доир намуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ Р. Раҳимов гуфт, ки ҳарчи зудтар ба имзо расонидани лоиҳаи Созишномаи қаблан коркардшуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният ба густариши ҳамкориҳои судманд мусоидат хоҳад кард. Баъди ба имзо расидани лоиҳаи мазкур муносибатҳои дуҷониба боз ҳам равнақу ривоҷ ёфта, ҳамкориҳо таҳким хоҳанд ёфт. Зимни вохӯрӣ, инчунин масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои судманд оид ба мубодилаи иттилоот ва омода намудани кадрҳои ҷавон ибрози назар карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






