Як соли Вазорати маориф ва илм

Январь 10, 2014 16:16

Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар соли 2013 фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монд.Соли 2013 баргузор гардидани якчанд чорабинии сиёсиву фарҳангӣ, ба монанди вохӯриҳо бо ятимони кулл дар Мактаби байналмилалии Президентӣ, хонандагони Хонаи бачагони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик, ифтитоҳи факултаи сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ба муносибати Рӯзи Дониш, маросими ба истифода додани кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд, ифтитоҳи мактаби хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ифтитоҳи мактабҳои нав дар ноҳияҳои Ҳисор, Вахш ва мактаби №31-и ноҳияи Восеъ, ифтитоҳи бинои иловагии мактабҳои рақами 97 ва 56-и ноҳияҳои Сино ва мактаби № 6 ноҳияи Фархор, маросими ба истифода додани мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб, ифтитоҳи Маркази миллии тестӣ бо иштирок ва суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон воқеаҳои муҳиме маҳсуб ёфта, дар рушди минбаъдаи соҳаи маорифи кишвар нақши босазо мебозанд. Маврид ба ёдоварист, ки аз 1 сентябри соли 2013 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба андозаи 30 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Соли 2013 барои соҳаи маориф 2 130 836 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ аз 509 ба 523 адад расид. Аз инҳо 8 адад ба вилояти Хатлон ва 6 адад ба вилояти Суғд рост меояд.Аз шумораи умумии кӯдакистонҳо 443 муассиса дар тобеияти шуъбаҳои маориф мебошад. Шумораи кӯдакон дар онҳо аз 74,458 нафар ба 76 370 расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1912 нафар зиёд мебошад.Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ 27 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли гузашта 7 адад зиёд шудааст. Дар робита ба ин барои амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» ҷиҳати таъсиси Маркази инкишофи кӯдакон Вазорати маориф ва илм корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, дар ин давра барои ба низом даровардани раванди таълиму тарбия «Барномаи таълимию тарбиявӣ барои кормандони Маркази инкишофи кӯдакон”-ро тасдиқ ва дастраси кормандони ин марказҳо гардонид.Зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соҳаи маориф яке аз зинаҳои муҳим барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ба ҳисоб меравад. Вазорати маориф ва илм ислоҳоти соҳаро дар ин зинаи таҳсилот идома дода, дар давоми соли 2013 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро омода намуд, ки онҳо дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовараи вазорат тасдиқ ва дастраси раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо гардонида шуд. Барои таъмини хонандагони дорои имконияти маҳдуддошта бо китобҳои дарсӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ барои кӯдакони кар ва дершунаво китоби дарсии “Забони имову ишора (Язык жест)” бо забони тоҷикӣ омода гардид. Муаллифи ин китоб барои гирифтани таҷриба аз коршиносон ба Академияи илмҳои Москва фиристода шуд ва дар омода намудани ин китоб аз таҷрибаи олимони Федератсияи Русия истифода бурда шуд. Гарчанде ки барои ба таҳсил фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таълимию методӣ қабул гардида бошанд ҳам, то имрӯз мушкилоти нарасидани мутахассисон-омӯзгорон, барнома ва маводи таълимии ёрирасон, муҳайё намудани шароити таълимӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мавҷуд мебошад. Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки дар самти ислоҳоти соҳаи маориф системаи баҳогузориро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир дода, аз баҳогузории 5-хола ба баҳогузории 100 — хола гузарад. Яке аз мушкилоти асосие, ки боиси нигаронӣ мебошад, ин аз таҳсил дур мондани хонандагон, махсусан духтарон аст. Санҷишҳои гузаронидаи Вазорати маориф ва илм маълум намуд, ки яке аз омилҳои аз мактаб дур мондани хонандагон ин дур будани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ аз ҷои зисти хонандагон мебошад. Дар ин самт мактуби вазири маориф ва илм аз 25.07.2013, №06/1-800ҷиҳати ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба унвони раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд. Бояд гуфт, ки иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ афзуда, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хонандагони болаёқат аз олимпиадаҳои байналхалқӣ соли 2008 42 медал, соли 2009 52 медал, соли 2010 61, соли 2011 96, соли 2012 126 ва соли 2013 сазовори 139 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд, ки теъдоди ғолибон ҳамасола нисбатан аз 25- 40 фоиз ва нисбат ба чор соли пешин қариб 3,5 маротиба афзудааст.Аз 13-19 январи соли 2013 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳуриии Қазоқистон Олимпиадаи байналхалқии жаутиковӣ аз фанҳои физика, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид, ки дар он 28 нафар хонандагони тоҷик иштирок намуданд. Дар ин олимпиада хонандагони мо сазовори як медали тилло, 3 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин 8 нафар хонандагон аз мактаби Президентии шаҳри Чкалов (2 нафар 1 лоиҳа), литсей-интернати Президентии шаҳри Душанбе (2 нафар 1 лоиҳа) ва 4 нафар хонандагони литсейи №4-и шаҳри Ваҳдат ба номи Т. Собиров бо ду лоиҳаи илмӣ аз фанни математика дар Олимпиадаи байналхалқии Жолдосбеков иштирок намуда, 4 лоиҳа сазовори ҷойи сеюм, 8 нафар хонандагон сазовори Дипломи дараҷаи 3 ва медалҳои биринҷӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ дар давоми соли хониши 2012-2013 хонандагони болаёқат тавонистанд, ки дар олимпиадаҳои байналхалқии фаннӣ (физика, математика, химия, биология, технологияи информатсионӣ), лоиҳаҳои био-экологӣ, Менделеевӣ, Роҳи абрешим, Жаутиковӣ, Олимпиадаи байналхалқии наврасон, ки дар давлатҳои Амрико, Босния, Голандия, Туркия, Россия, Қазоқистон, Руминия, Озарбойҷон, Гурҷистон доир гардид, иштирок намоянд.Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илм ин ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони ятим ва бесарпаноҳмонда ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои онҳо мебошад. Дар ҷумҳурӣ 85 мактаб-интернат амал мекунанд, ки 77-мактаб-интернат дар тобеияти Вазорати маориф ва илм қарор дошта, 8 мактаб- интернат марбут ба дигар вазорату кумитаҳо мебошанд. Яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи имрӯз ба ҷиноят даст задани кӯдакону наврасон мебошад. Дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби ноболиғон 682 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 137 ҷиноят (25,14 %) зиёд аст. Дар 11 моҳ 79 нафар ноболиғон худкушӣ намудаанд, ки 40 нафарашон духтарон ва 39 нафарашон писарон мебошанд. Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар давраи ҳисоботӣ корҳои муйяне ба анҷом расонида шуда, таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тасдиқи Феҳристи касбу ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ба шакли экстернат манъ аст” ва “Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ” яке аз дастовардҳои муҳим маҳсуб мешаванд.Дар давраи ҳисоботӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар 37 640 нафар қабул карда шуд, аз ин шумора 10392 нафарашро ихтисосҳои омӯзгорӣ ташкил медиҳанд.Дар соли 2013 қабули донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ нисбат ба солҳо гузашта зиёд гардида, тибқи нақша имсол 1222 нафар, аз ҷумла 629 духтар ва 593 писар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардиданд. Сатҳи дониши довталабон тибқи квота сол аз сол беҳтар шуда, сафи хоҳишмандоне, ки дар озмун иштирок кардан мехоҳанд, зиёд гардидаст. Тибқи ҳисоботи пешниҳоднамудаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар аттестатсия ниҳоии давлатии соли хониши 2012-2013 аз 25822 нафар хатмкунандагон 25112 нафар ё (97,3%)-и хатмкунандагон ба имтиҳони давлатӣ роҳ дода шудаанд, ки аз ин миқдор 24417 нафар (94,5%) имтиҳонҳои давлатиро бомуваффақият ҷамъбаст намудаанд. Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот низ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ душвориҳои зиёдеро пеш овардааст. Гузариш бояд то соли таҳсили 2014-2015 пурра ба анҷом расад. Аммо то ба ҳол Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба ин низом нагузаштаанд. Дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олие, ки ба ин низом гузаштаанд, мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки ба раванди таълими донишҷӯён халал ворид менамояд. Дар давоми соли 2013 ҷиҳати муайян намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ 1084 ҳуҷҷати таҳсилот ворид гардид. 1062 ҳуҷҷати таҳсилоти давлатҳои хориҷи кишвар дар асоси фармоиши вазири маориф баробарарзиш дониста шуд. Мувофиқи нақшаи иҷрои фаъолиятҳо дар соли 2013 аз ҳисоби 6 лоиҳаи инвеститсионии соҳаи маориф–15,3 млн. доллари амрикоӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо ба нақша гирифта шудааст ва нақшаи соли 2013 ба андозаи 84,2% таъмин гардид, ки ба 13 млн. доллари амрикоӣ баробар мебошад ва ин нишондиҳанда нисбати соли 2011 -2,9 млн. доллари ИМА ё ин, ки 22,3 % зиёд маблағҳо азхуд карда шудааст.Бо мақсади густариш ва вусъат бахшидани доираи ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи маориф ва илм Вазорат дар соли ҳисоботи 9 санадро бо соҳаҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ таҳия ва ба имзо расонид. Масъалаи ба таҳсил фиристодани ҷавонони тоҷик ба муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ дар ҳалли проблемаи бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад. Дар ин самт диққати асосӣ ба он равона карда мешавад, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар асосан аз рӯи ихтисосҳое фиристода шаванд, ки тайёр намудани онҳо дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон аст ва ё бо шумораи нокифоя тайёр карда мешаванд. Дар замина озмуни довталабон тавассути бурсияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Украина, Федератсияи Россия, Беларусия, Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, ва Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» баргузор гардида, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва илмии хориҷи кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ 2460 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуд (соли 2012 ин шумора 1269 нафарро ташкил дода буд). Таҳсили шаҳрвандони давлатҳои хориҷа дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома ва тафоҳумномаҳои байнидавлатӣ самти дигари афзалиятноки Вазорати маориф ва илм маҳсуб ёфта, дар донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1569 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз 25 кишвари дуру наздики хориҷа таҳсил дошта, соли таҳсили 2013-2014 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартномаҳои байниҳукуматӣ 147 нафар шаҳрванди хориҷӣ тибқи бурсияҳо ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки нисбати соли 2012 27 нафар зиёд мебошад.Соли ҷорӣ бори аввал довталабони хориҷӣ аз кишварҳои Афғонистон ва Эрон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳру вилоятҳои берун аз маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.Дар ин давра 30 нафар корманди дастгоҳи марказии Вазорат барои иштирок дар 58 чорабинии илмӣ-омӯзишии муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба сафари хизматӣ фиристода шуданд.

Январь 10, 2014 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад