Барқияи шодбошииӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ
Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар») Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам Шумо ва тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати сиюпанҷумин солгарди Инқилоби Исломӣ самимона табрику таҳният гӯям.
Рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари дӯсту бародари Эрон аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Мо итминон дорем, ки муносибатҳои созандаю судманди мо дар оянда низ пайваста бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гашта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётии ҳар ду кишвар хоҳанд буд.
Дар таи солҳои охир ҷонибҳо дар бахшҳои муҳимтарини ҳамкорӣ ба тавофуқоти муҳиму сершумор расида, ҷараёни иҷрои онро таҳти пайгирӣ қарор додаанд.
Мо хоҳони вусъати бештару хубтари ин ҳамкориҳо ва кушодани саҳифаҳои ҷадиди тавсеаи равобити густурдаи Тоҷикистону Эрон буда, итминон дорем, ки кишвари бародар низ дар садади чунин ҳадафҳост».








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






