Бурду бохти кори милитсияи нақлиёт

Февраль 13, 2014 09:48

  Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Оид ба корҳои иҷрошуда дар соли сипаригардида сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ҶТ (РВКДН) генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони милитсияи нақлиёт 355 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 17 ҷиноят зиёд мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷиноятҳои иқтисодӣ соли 2013 нисбат ба дигар ҷиноятҳо камтар ошкор шудааст.  Аммо ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир нисбат ба соли гузашта беш аз 100 кг зиёд мебошад. Аз 15 нафар ҷинояткоре, ки дар кофтукови РВКДН қарор дошт, 8 нафараш шаҳрванди хориҷӣ мебошад, ки ҳанӯз дастгир нашудааст. Вале, бояд гуфт, ки кормандони милитсияи нақлиёт 29 ҷинояткори дар кофтукови дигар шуъбаҳои ВКД бударо дастгир карданд. Ҳамчунин соли гузашта 2 ҷасади шахсияташ номаълум  дар минтақаҳои хизматии шуъбаҳои РВКДН- 1 ҷасад дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва 1 ҷасад дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дарёфт шуда, то ҳол шахсияти онҳо маълум нашудааст.
    Аз суханҳои Ш. Сабзов бармеояд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти раёсат ва шуъбаҳои он, ҳамчунин пешгирии ҷиноят дар самти мазкур нақшаҳои нав дар назаранд. 
 

Февраль 13, 2014 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд