Муҳокимаи масоили шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила
Душанбе, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 феврал машварат дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила, шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар қаламрави ВМКБ» гузаронида шуд.Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷаласа сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ Файзулло Нозимов оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, шиканҷа, ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонӣ сухан карда, изҳор дошт, ки ин масъала дар ҷаласаҳои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мунтазам мавриди муҳокима қарор мегирад ва ҳолатҳои мазкур дар қаламрави вилоят аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ мешаванд.Худи ҳамон рӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт низ бо иштироки прокурори ноҳияи Рашт ва намояндагони мақомоти суди ноҳия мавзӯи пешгирии азобу шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба масъала сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Р.Шафиев гуфт. ки афкори ҷамъиятӣ сол аз сол нисбат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳассостар гардида, ҳар як ҳодисаи поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳо боиси вокуниши фаврӣ ва шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.Зир гардид, ки мақсад аз қабули қонунҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила- ин пеш аз ҳама таъмин намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошад.Инчунин перомуни ин масъала прокурори ноҳияи Рашт ибрози андеша карда, зикр намуд, ки мутобиқи талаботи моддаи 5 Конститутсияи кишвар «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Қудрату тавоноии ҳар як давлат бо қонунҳо ва иҷрои ҳатмии онҳо пойдор аст. Бинобар ин давлат ва мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандони қаторӣ ва ҳамаи иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки қонунҳои амалкунандаро бе чуну чаро риоя намуда, уҳдадориҳои ба зиммаашон гузоштаро пурра иҷро намоянд ва қонун бояд меъёри ягонаи амал ва кирдору рафтори ҳар як узви ҷомеаи мо бошад.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






