Шоҳбулутҳои белҷӣ дар боғи Рӯдакӣ
Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи нишебии хиёбони Исмоили Сомонӣ 232 бех дарахтони санавбар, ки аз ҷониби олимони набототшиноси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ба муҳити табиии пойтахт созгоранд, шинонида шуданд. Ҳамчунин бо мақсади таъмини сарсабзии боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт дар боғи Рўдакӣ 1 ҳазору 206 бех дарахти тут ва шоҳбулут, ки аз давлати Шоҳигарии Белгия оварда шудааст, шинонида шуд.
Бино ба маълумоти Саидаҳмади Акрампур, сардори бахши иттилооти Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, дар доираи кабудизоркунии мавсими имсола, дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе шинонидани 38 ҳазору 270 бех ниҳоли ороишӣ, мевадиҳанда ва сояафкан ба нақша гирифта шудааст.
Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар доираи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон гардидани «30 моҳи ободонӣ» идома меёбанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






