Сомонаи муосири тиббӣ

Февраль 12, 2014 13:40

Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо ибтикори Вазорати тандурустии ҶТ ва Созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СПИД Бунёди Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» 11 феврал дар шаҳри Душанбе бо иштироки 35 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мулоқоти корӣ баргузор шуд.Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки соли 2013 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷоя бо Созмони ҷамъиятии «СПИД Бунёди Шарқу Ғарб — Тоҷикистон» сомонаи муосири тиббӣ тартиб дод, ки фаъолияти онро гурӯҳе иборат аз 5 нафар коршиносони тиббӣ ва 12 нафар ҳамоҳангсозони бунгоҳҳои иттилоотӣ таъмин менамуд. Вазифаи ин маркази иттилоотӣ иборат аз воқиф намудани аҳолӣ аз бемориҳои сирояткунанда, зарари истифодаи маводи нашъаовар ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи ҳифзи саломатӣ мебошад. Иштироккунандагони мулоқот натиҷаи кори сомонаи иттилоотии тиббӣ дар соли 2013 ва ҳамкории гурӯхи коршиносони миллиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Февраль 12, 2014 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад