Қуръон ва Суннат – бозтоби таърихӣ ва амалии Наврӯз

Март 22, 2014 10:24

Ба номи Худованди ҷонофарин  Ҳакими сухан дар забон офарин.
Душанбе, 22.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Наврӯз нахустин рӯзи баҳор, нахустин рӯзи сабзтарин фасли сол, сароғози зинда шудани замин ва шукуфоиҳо ва вазидани насими дилангези баҳор ва садои нағмаҳои мурғони хушовоз аст. Ҳама чиз дар баҳор нишонгари нишоту таровату тозагист ва ҳатто боди шифобахши баҳорӣ навиди зиндагии наву тоза медиҳад ва ба гуфтаи Мавлоно дар Маснавӣ:Гуфт Пайғамбар ба асҳоби кибор Тан мапӯшонед аз боди баҳорОн чи бо барги дарахтон мекунад Бо тану ҷони шумо он мекунад.Фасли баҳор дарси худшиносӣ, Худошиносӣ, дунёшиносӣ ва дарси дигаргун шудан ба самти рушду такомул аст. Агар инсонҳо аз ин табиати зебо дарс биёмӯзанд, дар ҳақиқат ёд мегиранд, ки мабодо дар раванди зиндагӣ гоҳе ба рукуду беҳаракатӣ дучор шаванд, дар ҳеҷ шароите набояд навмед гарданд ва бояд мисли табиат ҳаракату талош барои дубора зинда шудан ва рушд карданро дар худ таҷруба кунанд. Агар инсон оғози зиндашавии табиатро оғози зиндагии нав барои худ ва барномаҳои нави зиндагӣ қарор диҳад, дар ҳақиқат фалсафаи ин падидаи зебои табиатро дарк намудааст. Ва ба гуфтаи Шайх Саъдӣ:Кӣ тавонад бидиҳад меваи рангин аз чӯб,Ё кӣ бошад, ки барорад гули садбарг аз хор,Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд,Ҳарки фикрат накунад нақш бувад бар девор.Арғанун рехта бар даргаҳи хазрои чаман,Чашмаҳое, ки дар он хира бимонад абсор,Кӯҳу дарёву дарахтон ҳама дар тасбеҳанд.На ҳама мустамион фаҳм кунад ин асрор.Офариниш ҳама танбеҳи Худованди дил аст,Дил надорад, ки надорад ба Худованд иқрор,Хабарат ҳаст, ки мурғони саҳар мегӯянд.К-охар эй хуфта, сар аз болиши ғафлат бардор!Наврӯз дар давраи пеш аз Ислом дар сарзаминҳои гуногун ҷашн гирифта мешудааст. Аз ҷумла дар Эрони бостон ин ҷашн бисёр бошукӯҳ ва бо расму оинҳои махсус баргузор мегаштааст. Ин ки оё ин ҷашн хусусияти динии хосе доштааст ё не, чандон маълум нест ва ҳамин қадар барои мо равшан аст, ки ин ҷашн бо оғози соли нав ва зинда шудани табиат пайванди ногусастанӣ дорад.Дини мубини Ислом вақте падид омад, дар миёни мардуми араб дар ҷоҳилият баъзе маросимҳо буд, ки бо ақлу хиради солим мухолифат мекард. Ин дини пок он маросимҳои ҷоҳилӣ ва мухолифи ақлро мамнӯъ эълон кард. Вале баъзе маросимҳое буданд, ки бо ақлу хирад созгор ва барои ҷомеа муфид буданд ва ислом онҳоро тасдиқ намуд.Дар ин мақола саъй намудем дидгоҳи дини Исломро оид ба иди Наврӯз бо истифода аз сарчашмаҳои аслии он баррасӣ намоем. Ҳамон гуна ки гуфта шуд, равиши дини Ислом ва умуман ҳамаи динҳои осмонӣ дар бархурд бо расму оинҳои роиҷ дар миёни миллатҳо бар асоси мантиқу ақли солим будааст.Агар ба Қуръони карим муроҷиат намоем, оёти фаровонеро дар бораи дигаргун шудани вазъияти шабонарӯзӣ, бориши борон ва аз нав зинда шудани табиат мебинем, ки дар канори он инсон ба тафаккур намудан дар ин падидаҳои табиат даъват шудааст. Ҳамчунин ин ҳодисаи дубора зинда шудани табиат дар ин китоби осмонӣ ҳамчун шоҳиди айнии барпо шудани растохез ва дубора зинда шудани мурдагон оварда шудааст. Дар ин ҷо чанд намуна аз оятҳои қуръониро ба унвони мисол зикр мекунем.«Ӯ касе аст, ки аз осмон обе нозил кард ва ба василаи он гиёҳони гуногун рӯёнидем ва аз он соқаҳо ва шохаҳои сабз хориҷ сохтем ва аз онҳо донаҳои канори ҳам чидашуда ва аз шукуфаҳои дарахти хурмо, шукуфаҳое бо риштаҳи борик берун овардем ва боғҳое сабз аз навъҳои ангуру зайтуну анор рӯёндем, ки (баъзеашон) бо ҳам монанд ва (баъзеашон) ба ҳам монанд нестанд. Ҳангоме ки мева медиҳанд, ба меваи он ва тарзи пухта расиданаш бингаред, ки дар он нишонаҳое (аз азамати Худо) барои афроди боимон аст». Ҳамон гуна ки мебинем дар ин ояи қуръонӣ нуктаҳои бисёр латиф ва омӯзандаи ҳодисаҳои зебои табиат ба тасвир кашида шудааст, ки ҳамаи онҳо дар фасли рӯиш ва дубора зинда шудан, яъне баҳор рух медиҳанд. Андешидан рӯи нуктаҳои зикршуда ва диққат намудан ба чунин падидаҳои табиат инсонро ба самти омӯзиши он ва фарогирии чунин илмҳо ҷалб мекунад, ки натиҷаи он қадрдонӣ аз ин ҳама неъматҳо хоҳад буд.«Дар офариниши осмонҳо ва замин ва рафту омади шабу рӯз ва киштиҳое, ки дар баҳрҳо ба суди мардум дар ҳаракатанд ва обе, ки Худованд аз осмон нозил карда ва бо он заминро пас аз марг зинда намуда ва навъҳои ҷунбандагонро дар он пароканда аст ва (низ) дар тағйири масири бодҳо ва абрҳое, ки миёни замину осмон қарор дода шудаанд, нишонаҳое аст барои мардуме, ки ақл доранду андеша мекунанд». Аз ин қабил оятҳо дар Қуръони карим фаровон аст, ки бо баёни илмӣ ва дақиқи ҳодисаҳои табиат инсонро ба тафаккур дар асос ва иллати пайдоиши ин ҳодисаҳо даъват намуда, қадрдонӣ ва ташаккурро аз Офаридагори ин низоми зебо зарурӣ медонад.Аз баъзе достонҳои Қуръон ҳам метавон чунин натиҷа гирифт, ки ҷашни бедории табиат дар миёни дигар ақвом ҳам будааст. Аз ҷумла дар достони ҳазрати Иброҳим(а) он замоне ки мардум ҳамроҳи Намруд ба саҳро рафтанд ва эшон нарафт ва ба бутхона рафту бутҳоро шикаст (сураи Соффот ояти 89 ба баъд). Ҳамчунин дар достони ҳазрати Мусо(а) он ҷое, ки бо Фиръавн барои исботи паёмбарии худ қарор мегузоранд, он рӯзро «явму – ззина» (яъне рӯзи ороиш ва зинат) ном мебарад (сураи Тоҳо/59). Дар он рӯз мардум барои ҷашн ба саҳро мерафтаанд ва маросимҳои гуногун иҷро мекардаанд. Ҳазрати Мӯсо(а) ҳам бо истифода аз ин шароит барои нишон додани муъҷизаҳои худ ба аксари мардум, ҳамин рӯзи ҷашнро интихоб намудааст. Аз он ҷо ки ба саҳро рафтани мардум бештар дар айёми баҳорӣ ва хуррамиву сарсабзии табиат сурат мегирад, эҳтимоли зиёд дорад, ки онҳо низ бедории табиатро ҷашн мегирифтаанд ва иде монанди иди Наврӯз доштаанд ва ин масъала дар баъзе тафсирҳо аз қабили «Мафотиҳул — ғайб»- и Фахри Розӣ ва «Рӯҳул — маонӣ»-и Олусӣ зикр шудааст. Дар ҳақиқат ҳазрати Мусо(а) аз ин шароит, ки як рӯзи ид ва хушҳолии мардум буд, тавонист барои нишон додани ҳақ ва ботил ва роҳнамоии дурусти мардум истифода намояд ва ин рӯзро рӯзи бедорӣ ва зинда шудани дубораи дилу имони мардум гардонад.Умуман равиши ҳамаи пайғамбарон ингуна будааст, ки бо мардуми замони худ ба андозаи фаҳмиши онҳо рафтору гуфтор доштаанд ва маросимҳоеро, ки бо тавҳиду яктопрастӣ мухолифат надошт, манъ намекардаанд.Дар дигар сарчашмаҳои исломӣ бошад, аз қабили китобҳои ривоӣ ва таърихӣ, ба наврӯз ба таври мушаххас ишора шудааст ва дар ин маврид мо ба ду тарзи нигариш рӯбарӯ мешавем. Яке тарзи нигариши мухолиф бо наврӯз ва дигарӣ мувофиқи он. Ҷо дорад дар ин ҷо намунаҳое аз ин ривоятҳоро зикр намоем.Ривоятҳои мувофиқДар китоби «Торихул — кабир»-и Бухорӣ омадааст: «Ҳаммод ибни Салма ибни Алӣ ибни Зайд аз Саъри Тамимӣ нақл мекунад: Барои Алӣ(р) фолуда оварданд. Он ҳазрат гуфт: ин чист? Гуфтанд: Имрӯз наврӯз аст. Фармуд: ҳар рӯзро наврӯз кунед». Дар китоби Абурайҳони Берунӣ «Ал-осорул-боқия» ба ин мазмун нақл шудааст, ки: «Дар рӯзи наврӯз ҷоме симин пур аз ҳалво барои Пайғамбар(с) ҳадя оварданд. Ҳазрат пурсид: Ин чист? Гуфтанд: Имрӯз рӯзи наврӯз аст. Пурсид: Наврӯз чист? Гуфтанд: Иди бузурги эрониён аст. Фармуд: Оре, дар ин рӯз буд ки Худованд «аскара»-ро зинда кард. Пурсиданд: «аскара» чист? Фармуд: «аскара» ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онҳо фармуд: бимиред! пас мурданд. Сипас ононро зинда кард ва абрҳоро амр намуд, ки бар онон биборанд. Он гоҳ (паёмбар(с)) аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат намуд ва фармуд: кош ҳар рӯз барои мо наврӯз буд». Аз ин ахбор чунин натиҷа ба даст меояд, ки Паёмбар(с) ва ёрони ӯ нисбат ба фарҳангу одобу русуми миллатҳои гуногун рафтори мантиқӣ ва нарм доштаанд. Дар ҳақиқат бар асоси дастуроти дини мубини Ислом рафтор намуда, расму одатҳоеро, ки бо рӯҳияи тавҳидии Ислом мухолифат надоштанд, инкор ва манъ наменамуданд. Ҳатто аз ин ривоятҳо чунин бар меояд, ки нисбати он расму одатҳое, ки хусусияти мардумӣ доштанд ва сабаби эҷоди меҳру муҳаббат ва ҳамёрию пайвандҳои дӯстона мешуданд, ташвиқ ҳам доштаанд. Зеро ҳамонгуна ки дар ривояти дуюм зикр шуд, Паёмбар(с) фармуданд: «кош ҳар рӯз барои мо наврӯз буд».Ривоятҳои мухолифДар муқобили ривоятҳо ва ахбори дар боло зикршуда ривоятҳои дигаре вуҷуд доранд, ки бо ҷашн гирифтан ва таҷлили иди наврӯз мухолифат доранд. Аз ҷумла дар ҳамон китоби «Торихул — кабир»-и Бухорӣ омадааст: «Айюб ибни Динор гуяд: Алӣ(р) ҳадяи наврӯзро намепазируфт». Ҳамчунин дар сунани Абудовуд (ҳадиси 1134) ва Насоӣ (ҳадиси 1556) омдааст: «Замоне ки Паёмбар(с) вориди Мадина шуданд мардумони Мадина дар ду рӯзи сол ба бозию хушӣ мепардохтанд. Паёмбар(с) пурсиданд, ки ин чӣ рӯзҳое аст? Гуфтанд: Ин ду рӯзе аст, ки мо дар замони ҷоҳилият дар он бозию саргармӣ мекардем. Расули Худо(с) фармуданд: Парвардигор ду рӯзи беҳтареро бароятон қарор додааст ва онҳо иди Фитр ва иди Қурбон мебошанд».Ривояти аввал бо нақле, ки дар ҳамон китоби «Торихул — кабир»-и Бухорӣ дар қисми ривоятҳои мувофиқ оварда шуд, таоруз ва зиддият дорад. Аммо аз ривояти дуюм маълум намешавад, ки он ду иди замони ҷоҳилияти мардуми Мадина ҳамин наврӯз бошад. Ҳамин қадар метавонем ба даст биёрем, ки эҳтимолан ба хотири рафторҳои нодурусти мардум дар ин ду рӯз, Паёмбар(с) бо он мухолифат намудааст.Касоне, ки нисбати наврӯз бо диди мухолиф ва зиддият менигаранд, дар асл ба ҳамин ривоятҳо такя мекунанд. Албатта ривоятҳои дигар ва нақлҳои таърихӣ ва ақволи уламоро низ дар ин масъала шоҳид меоранд.Дар ҳақиқат ин гурӯҳ бо наврӯз ҳамчун бозмондаи маросимҳои ғайритавҳидӣ муомила намуда, ҷашн гирифтани онро мамнӯъ медонанд ва ҳатто баъзе аз онҳо наврӯзро нишонаи куфру ширк дониста, ҷашн гирифтани онро гуноҳи бузург ва ҳатто берун шудан аз дини Ислом мешуморанд.Пайравони ин назария дар ҳақиқат фикри худро бо чунин истидлоле мехоҳанд исбот намоянд:Пайравӣ аз дини Ислом бо ду амалкард амалӣ мегардад:1. Пазируфтан ва итоат намудани ҳамаи дастурот ва расму оинҳои он.2. Мункир шудан ва кофир шудан нисбати ҳамаи расму оинҳои нодуруст ва ботил.Аз он ҷое ки иди наврӯз аз нигоҳи пайравони ин назария нодуруст ва ботил аст, ҷашн гирифтани он дар ҳақиқат хилофи дини Ислом ва риоят накардани дастуроти он ба ҳисоб меояд.Аммо бо каме диққат ба ин нукта метовонем бирасем, ки наврӯз дар ҳақиқат як навъ ид ва маросими миллӣ аст, ки асосан бо баҳору бедории табиат пайванд дорад ва пайванди он бо дину оини хоссе маълум нест. Аз ҳамин сабаб аст, ки ин ид дар тӯли таърихи башарият зинда мондааст ва дар замони паёмбарони гузашта низ таҷлил мешудааст. Аз он ҷо ки ин ид мардумӣ аст ва одобу русуми муфиди иҷтимоӣ дар он ҷой дода шудааст, ҳаргиз наметавон онро бо рӯҳияи тавҳидии динҳои осмонӣ махсусан Ислом мухолиф донист.Ба ҳамин хотир баъд аз зуҳури Ислом ин ид боз ҳам дар миёни қавмҳои мусулмоншуда аз ҷойгоҳи мӯътабаре бархурдор монд ва то ба имрӯз таҷлил карда мешавад.Илова бар ин иди наврӯз мӯҳтавои худро аз маорифи исломӣ ғанитар сохта ва дар натиҷа як иди миллӣ – мазҳабӣ гаштааст. Суннатҳое дар ин ид ҷой гирифт, ки бевосита мавриди тасдиқ ва таъкиди Ислом мебошанд. Аз қабили хонатаконӣ, хабар гирифтан аз хешовандон (силаи раҳим), поксозии муҳити зист, ҳадя додан ба якдигар ва шукргузорию сипос аз неъматҳо.Мардуми мусулмон дар иди Наврӯз дуои муносибе доранд, ки дар он аз Худованд ҳамин тағйироти мусбӣ ва дигаргун шудан ба самти некиҳоро талаб мекунанд: «Ё муқаллиба-л-қулуби вал–абсор, ё мудаббира-л-лайли ва-н-наҳор, ё муҳаввила-л- ҳавли ва-л- аҳвол, ҳаввил ҳолано ило аҳсани-л- ҳол». «Эй Худованде, ки дигаргункунандаи дилҳо ва чашмҳо ҳастӣ ва корсози низоми шабу рӯзи дунёӣ, эй дигаргункунандаи солу ҳолҳо, ҳоли моро ба некӯтарин ҳол табдил соз». Наврӯз бо чунин мӯҳтаво ва ниятҳо аз назари дини ислом мавриди қабул аст ва барои ҳар фарди мусулмон ва ҳар ҷомеае муҳтараму муфид хоҳад буд.Пас ҳар гоҳ инсонҳо дар маросими наврӯз ба дунболи чунин мафоҳими созанда ва лаззатбахш бираванд ҳатман чунин наврӯзе муборак аст, вале агар аз ин айём истифодаи бад бибаранд ва ба дунболи хурофоту исрофкориҳои беҳуда шаванд, бояд пеши роҳи онҳо гирифта шавад.Давлату миллати мо ҳам имрӯз ин идро мояи ифтихори худ медонанд ва аз тариқи ин иди байналмилалӣ фарҳанги волои мардуми тоҷикро ба ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Аммо дар айни ҳол қонунҳо ва муқаррароте дорад, ки баргузории ин маросимро ба танзим медарорард. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баргузории чунин маросимҳо меъёрҳо ва чорчӯбаи муайянро нишон додаанд.Умедворам ин баҳор ва ин Наврӯз барои сарзамини мо ҳамроҳ бо шодию хуррамӣ ва баракату амнияту ободӣ қадам гузорад ва ҳамроҳ бо зиндаву тоза шудани табиат дилу дидаи мо низ ҳаёти дубора бигирад. Ба ҳамаи шумо ҳафт сини саломатию сарбаландӣ, саодату сарфарозӣ, сабукборию сомону сарвариро таманно дорам.Тоҷиддин Асомуддинов, муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳи миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2014 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ПИРӢ ФАРО РАСИДААСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Спитамен маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар мумфаршкунии роҳҳо сарф карданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии «Ободкор» ва «Шири Ватан» таъсис дода шуданд
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид
Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоишҳо доир мегарданд