РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Спитамен маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар мумфаршкунии роҳҳо сарф карданд
СУҒД, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд гурӯҳи сокинони деҳоти Тағояк тасмим гирифтаанд, ки маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар ободии маҳал сарф намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Сокинони вилояти Суғд аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти имсол бо ходимони дин ва намояндагони ҷомеаи мамлакат доир гардид, руҳу илҳоми тоза гирифта, дар иҷрои корҳои хайру савоб пешсаф мебошанд.
Дар робита ба ин бо ташаббуси сокинон дар марҳилаи аввал 5 км роҳи деҳот пурра мумфарш карда шуд. Гуфта шуд, ки минбаъд низ ин гуна корҳои хайр анҷом дода мешаванд.
Раиси вилоят ин кори сокинонро садақаи ҷория арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки саҳмгузорӣ дар ободии сарзамини аҷдодӣ кори савоб ва қобили дастгирӣ аст.
Сокинон иброз доштанд, ки минбаъд низ баҳри таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконият истифода мебаранд, то барои обод намудани зодгоҳи худ ва дар маҷмуъ тамоми Тоҷикистон ҳиссаи назаррас гузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






