«Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид

Апрель 25, 2014 09:43

Душанбе, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар Душанбе 21 апрели солӣ ҷорӣ бо иштироки муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумитаи тадорукоти ҷашнвора Маҳмадсаид Пиров, иштирокдорон- меҳмонони ҷашнвора ва аҳли фарҳангу ҳунари шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ба иштирокдорон-меҳмонони ҷашнвора аз номи Кумитаи тадорукот туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломи лауреати фестивал супорида шуд. Инчунин барои иштирокдорон-меҳмонони ҷашнвора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ эҳдо гардиданд.Мавриди зикр аст, ки дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» театрҳои лӯхтаки кишварҳои Русия, Фаронса, Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия иштирок карданд.

Апрель 25, 2014 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд