Дастаи ВКД — ғолиби мусобиқаи тирпарронӣ
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — “Варзиш — зидди маводи нашъаовар”- таҳти чунин шиор 28 майи соли 2014 дар машқгоҳи тирандозии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мусобиқаи тирпарронӣ аз таппончаи Макаров баргузор гардид. Дар ин бора маркази матбуоти АНМН иттилоъ медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки дар машғулияти ПМ-1, ҳадафи №4 7 дастаҳо аз ҳисоби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ зӯрозмоӣ намуданд.
Сарчашма хабар медиҳад, ки дастаи Вазорати корҳои дохилӣ дар санҷиши даставӣ бо натиҷаи 204 хол ғолиби мусобиқа гардид, ки ба он Ҷом ва дипломи дараҷаи якуми Агентӣ супорида шуд. Ҷои дуюм бо натиҷаи 167 хол насиби дастаи КДАМ ҶТ гашт, ҷои сеюмро бо 141 хол дастаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ишғол намуд.
Дастаҳо бо дипломҳои дараҷаҳои мувофиқ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






