“Кӯли ҷавонон” дар интизори роҳбари масъулиятшинос
Душанбе, 29.05.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати ишғоли вазифаҳои директорони боғҳои фарҳангу фароғатии «Айнӣ» ва «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт озмун эълон намуд, ки он аз 28 май то 27 июни соли 2014 давом мекунад. Дар асоси шартҳои озмун довталаб бояд маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад.
Озода Саидвалиева -мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки ҳарчанд шаҳрдорӣ дар ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ба кадрҳои ҷавон афзалият медиҳад, ба довталабони ин озмун дар мавриди синн маҳудудият вуҷуд надорад. Хусусан ба довталабоне афзалият дода мешавад, ки дар соҳаи табиатшиносӣ, кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ таҷрибаи корӣ дошта, дастпарварони бахши агрономия ва биологияи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бошанд. Довталабон бояд таҷриба калон дар ин соҳа дошта бошанд ва хусусиятҳои хоси роҳбарикунанда зоҳир намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






