Лукашенко: Агар Русияю Қазоқистон шартҳои Белоруссияро қабул накунанд, Иттиҳоди АвруОсиё таъсис намеёбад

Май 5, 2014 16:26

 
Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Мински  расмӣ  шартномаро  дар  бораи  таъсиси  Иттиҳоди  АвруОсиё  бар  зарари  манофеи  худ имзо  карданӣ нест. 3 май  Александр  Лукашенко  ҳангоми  боздид  дар шаҳри Борисови  вилояти  Минск  аз  корхонаи  ҶМСП  «БелҶи», ки  автомобилҳои  ҳаҷман  калони  тамғаи  «Geely» — и  Чинро  васл  мекунад,  ҳамин тавр  гуфт.
Ба  фикри  Лукашенко,  дар  Иттиҳоди  АвруОсиёи  оянда  шартнома  дар бораи таъсиси  он, ки  бояд  охири  моҳи  май дар  Остона имзо  шавад, «чунин  маъно  дорад, ки  дигар  монеаҳо  набояд  эҷод  шаванд ва  ҳама  бояд дар  шароити  баробар  кор  кунанд». Лукашенко  хотирнишон  сохт, ки 29  апрел  дар  ҷаласаи Шӯрои  олии  иқтисодии АвруОсиё  дар  Минск  масоили  имзои   шартномаро бо  Владимир  Путин  ва Нурсултон  Назарбоев  муҳокима  намуд. Мавсуф  чунин  гуфт: «Ман  масъаларо  дар назди президентҳои  ҳамтоям ҳамин тавр   ба  миён  гузоштам».
«Бори  дигар  қайд  менамоям, ки  имрӯз  мо,  пеш  аз  ҳама,  бо  Русия  гуфтушунид  дорем, ки ин  масъалаҳоро  чӣ  тавр  бо  роҳи  гуфтушунид  ҳаллу  фасл  намоем.  Онҳо  вақтҳои наздиктарин  ҳал  мешаванд,  зеро  мо  бояд  дар  охири  моҳи  май  шартномаро  дар  бораи таъсиси иттиҳоди  иқтисодӣ  имзо  намоем,  бинобар  ин   ҳамаи  масъалаҳо  бояд  ҳал  шаванд. Дар  акси  ҳол  мо наметавонем, ки бо шартҳои нобаробар  бар  зарари  худ  вориди ин иттиҳоди  иқтисодӣ  шавем. Гарчи, бори  дигар  инро қайд  мекунам, мо  ба  ин  басо  манфиатдорем  ва барои барқароршавии  ин  иттиҳоди  иқтисодӣ  кори  зиёдеро  анҷом додаем»,  — гуфт  Лукашенко.
Хотирнишон  месозем, ки  Александр  Лукашенко  29  апрел  дар  шаҳри  Минск  дар  ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё  бо  иштироки  сарони  давлатҳо  дар  ҳайати  маҳдуд  изҳор  дошт,  ки  иттиҳоди  АвруОсиё  бояд  дар  принсипи  адами  истисною  маҳдудият  дар  тиҷорати   мутақобила,  аз ҷумла  дар  тиҷорати  нафт,   ташаккул  ёбад,  ва   агар   Русия  ва  Қазоқистон  ба  ин   омода  набошанд,  дар  ин  маврид  бояд  баъди  10 – сол  ба  масъалаи  ташкили  чунин  иттиҳодияи  ҳамгироӣ баргашт. Содироти  маҳсулоти  аз  нафти  Русия  тавлидшуда  яке  аз  бандҳои  асосии  пурра   гардонидани  буҷети давлатии  Белоруссия  ба  шумор  меравад.  Маскав ва  Остона  розианд, ки  қариб  ҳамаи   истисною маҳдудияти  тиҷорати  мутақобиларо ба  истиснои  молҳои  карбогидридӣ бекор намоянд, ки Минск инро  қатъан   намехоҳад. «Муносибатҳое, ки дар  ҷараёни  гуфтушунид  изҳор  мешаванд,  саволҳои   зиёдеро  ба  миён  меоранд. Пешниҳодоти  навоварона  дар  мавриди  мӯҳлати  татбиқи  аҳду  паймон  баъди  10 – сол,  яъне  то  соли  2025,  ба  назар  тааҷҷубовар  мерасад. Агар  мо аз  ҳоло ба  дидани  чораҳо  омода  набошем,  пас  инро  бояд  ошкоро  эътироф  намоем,  —  гуфт  Лукашенко. – Вале,  агар  мо  имрӯз  ба  ин  омода  набошем, ба  фикрам,  дар  ин  маврид  бояд  баъди  даҳ  сол  дар  бораи  Иттиҳоди  иқтисодии  АвруОсиё  сухан  ронем».
Президенти  Қазоқистон  Нурсултон  Назарбоев дар  навбати  худ чунин  гуфт: «Дар  мавриди  масъалаҳои  ҳассостарин давраҳои гузариш  пешниҳод  шудаанд». Владимир  Путин  дар  масъалаи   нигоҳ доштани истисно аз  рӯи   гурӯҳи  карбогидридии  амвол  дар  давраҳои  гузариш  президенти  Қазоқистонро  дастгирӣ  кард.
«Рӯзҳои  охир  дар  Минск   дар   мавриди ояндаи   автомобилҳои  сабукрави  мо на фақат  дурушт,  балки  басо  сахт  сухан  мерафт. Аз  он ки  шумо  хусусан  имсол дар  семоҳаи  аввал  басо  муваффақона  ба  кор  шурӯъ  кардед, албатта,  мушорикони  моро  эҳтиёткор  менамояд, —  ба  коркунони  «БелҶи» рӯ  оварда  гуфт  Лукашенко. – Шумо дар  корхонаи  нав  аллакай  ба  марраи  10  фоизаи  даромаднокӣ  расидаед,  ки  ин   бад  нест. Соли  гузашта аз  як  фоиз  каме  бештар  буд,  ҳоло  даҳ баробар  зиёд  аст».  «Вале Geely дар бозори  Русия баробари  қариб  50  фоиз  афзоиш  медиҳад. Ин,  албатта, русиягиҳоро  низ эҳтиёткор  менамояд,  аз  афташ,  фикр  мекунанд, ки  чиниҳо саноати  автомобили   Русияро  аз қаламрави  Белоруссия  мекушанд», —  гуфтори  роҳбари   ҷумҳурии  пасошӯравиро  иқтибос  меорад  Агентии давлатии   БелТа.
Ҳамчунин  хотирнишон  месозем, ки  22  июни  соли  2012  муовини  аввали  раиси  Шӯрои  вазирони  Белоруссия  Владимир  Семашко   гуфта  буд, ки  ду  автомобили  аввали  тамғаи  «Ҷили» (Geely) – и Чин дар шаҳри Борисови Белоруссия  васл  шудаанд. Пеш  аз ин,  23  декабри  соли  2011  Семашко  аз нияти Белоруссия  барои  роҳандозии тавлиди  автомобилҳои  Lifan («Лифан») – и  Чин  хабар дода  буд. Қабл  аз  ин  барои  дар  шаҳраки  Обчаки  назди  Минск  дар заминаи Корхонаи  муштараки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи  «Юнисон» (қаблан —  Ford Union)  васл  кардани  автомобилҳои «Ford», «Samand», «Lyublin» ва «KlA»  кӯшиш  карда шуда  буд. Алҳол  имконияти  дар корхонаи  мазкур  васл  намудани  автомобилҳои Opel, Chevrolet   ва  мошинҳои  дигари  хориҷӣ  баррасӣ  мешавад.
 Назар  ба  хабари ИА REGNUM  29  апрел  раиси  Комиссияи иқтисодии  АвруОсиё  Виктор  Христенко  дар  шаҳри  Минск  ба  журналистон  изҳор  дошт, ки  масоили  мубрами  лоиҳаи  шартнома дар  бораи таъсиси Иттиҳоди  АвруОсиёи  Русия,  Белоруссия  ва  Қазоқистон  ҳал  шудаанд. Мувофиқи  суханони раиси Комиссияи  иқтисодии  АвруОсиё,  Лукашенко  Путин ва Назарбоевро  дар  мавриди  лағви  истисною маҳдудият дар тиҷорати  мутақобилаи  нафт дар  ҳошияи  Иттиҳоди АвруОсиё  бовар  кунонида натавонист. Масъалаи  боҷи  фурӯши  маҳсулоти нафти дар  корхонаҳои   Белоруссия  коркардшудаи  Русия,  хабар  дод  Христенко,  «имрӯз  мавриди  гуфтушуниди  дуҷонибаи» роҳбарияти  Русия  ва  Белоруссия  қарор дошта  ва то  танзими  бозори  умумӣ  дар  ҳамин  ҳолат қарор  хоҳад  дошт. Христенко  ҳамчунин  хабар  дод, ки ба  роҳбарони Русия,  Белоруссия  ва  Қазоқистон  муяссар  шуд, ки  низомномаи  шартномаро  мувофиқа  намоянд. Мутобиқи  он  бозорҳои  умумии  нафт,  маҳсулоти  нафту газ «на  дертар  аз  соли  2025»  ташкил  ёфта,  пеш  аз  ин  тиҷорати  амволи  зикршударо шартномаҳои  дуҷониба  танзим  мекунанд.
 
Манбаъ: REGNUM
 

 
 

Май 5, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд