Маҳфили дӯстии донишҷӯёни тоҷику туркман
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Чанде қабл Сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Ишанкули Аманлиев ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ омада, бо ректор Абдуҷаббор Раҳмонов мулоқот намуд.
Бино ба иттилои котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим, ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов зимни суҳбат дар бораи фаъолият ва сатҳи дониши толибилмони туркзабон изҳори ақида намуда, раванди донишандӯзии онҳоро қаноатбахш арзёбӣ кард. Дар такя бар қавли ректор ҷараёни таҳсили муҳассилини хориҷӣ, хосса, туркманҳо зери назорат ва дастгирии доимӣ қарор доранд.
А. Раҳмонов ҳамзамон иброз дошт, ки донишҷӯёни туркзабон пас аз хатми зинаи бакалавр метавонанд таҳсилашонро дар бахши магистратура давом диҳанд.
Баъд аз мулоқот дар толори фарҳангии донишгоҳ ҳамоиши фарҳангие таҳти унвони «Шаби дӯстии донишҷӯёни тоҷику туркман бахшида ба 69-умин солгарди Иди Ғалаба баргузор гардид. Маҳфил аз рақсу суруду саҳнаҳои ҳаҷвӣ иборат буд. Бояд зикр кард, ки чорабинӣ бисёр ҳам ҷолибу диданӣ гузашт. Донишҷӯёни туркзабон бо рақсҳои чакан, хоразмӣ, помирӣ ҳамагонро ба ҳайрат оварданд. Ҷолиб аст, ки ҳар ду даста ҳам дар сатҳи баланд омодагӣ дида буданд ва ҳунари худро дар сатҳи олӣ намоиш доданд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






