Сарқонун ва танзими ҳокимияти судӣ

Май 13, 2014 10:09

Душанбе, 13.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Сарқонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон 10 боб ва 100 моддаро дар бар гирифта, дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва  ҳуқуқии  давлату  ҷомеаи  тоҷиконро  то  хурдтарин  ҷузъиёташ ифода менамояд.  Чуноне  ки  дар  он  зикр  гардидааст:  «Мо  халқи Тоҷикистон,  қисми  ҷудонашавандаи  ҷомеаи  ҷаҳон буда,  худро  дар  назди  наслҳои  гузашта,  ҳозира  ва оянда  масъул  ва  вазифадор  дониста,  таъмини соҳибихтиёрии  давлати  худ  ва  рушду  камоли  онро дарк  намуда,  озодӣ  ва  ҳуқуқи  шахсро  муқаддас шумурда, бунёди  ҷомеаи адолатпарварро  вазифаи  худ  қарор  дода,  ҳамин Сарқонунро қабул ва эълон  менамоем». Вобаста ба ин мавзӯъ бо  Отамшоҳ Раҷабов, судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе суҳбат намудем. Ба гуфтаи мавсуф, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он ҳамчун Қонуни асосии кишвар пеш аз ҳама, яке аз  нишонаҳои  муҳими  соҳибихтиёрӣ  буда,  ба  ҳайси манбаъ ё худ сарчашмаи ҳуқуқи давлатӣ хидмат мекунад.  Натиҷаҳои  рушди  ҷамъиятию  сиёсии  ҷумҳурӣ,  сохтори ҷамъиятӣ  ва  давлатии  он,  муносибатҳои  ҳамкорӣ  ва ваколатҳои мақомоти олии ҳокимият, асосҳои ташкил ва тарзу  усули  идоракунии  давлатӣ,  фаъолияти  ҳокимияти судӣ,  ҳамчун  рукни  алоҳидаи  ҳокимияти  давлатӣ,  усулҳои асосии  ҳуқуқҳои  интихоботӣ  ва  ҳолатҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандонро  дар худ ифода кардааст.  Ҳамин меъёрҳо дар навбати худ асос шудаанд, ки дар ҷумҳурӣ тибқи моддаи 5 Сарқонуни Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши  олӣ  мебошанд.  Ҳаёт,  қадр,  номус  ва  дигар ҳуқуқҳои  фитрии  инсон  дахлнопазиранд.  Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз  менамояд» оварда шудааст. 
Ҳамчунон  дар моддаи 9 Сарқонун  муносибатҳои  байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рўи усули таҷзияи он  муайян  кардааст,  яъне: «Ҳокимияти  давлатӣ  дар асоси таҷзияи он ба  ҳокимияти  қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Ҳамин тавр, Сарқонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳар кадоме аз ин шохаҳои  ҳокимияти  давлатӣ  имкониятҳои  амалу фаъолияти мустақилонаро  фароҳам овардааст. Боби ҳаштуми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  танзими  ҳокимияти  судӣ  ҳамчун  рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда,  усулҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ,  вазифа,  мақсадҳои  амалӣ  намудани  адолати  судӣ  ва ваколати судяҳоро муқаррар намудааст.  Вазифаҳои  асосии  ҳокимияти  судӣ  дар  таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати  давлат,  ташкилоту  муассисаҳо  ва  қонунияту  адолат  ифодаи бевоситаи худро меёбад.  Моддаи 87-уми Сарқонун муқаррар кардааст, ки: «Судяҳо дар фаъолияти  худ  мустақил буда, танҳо ба Сарқонун  ва  қонун  итоат  мекунанд.  Дахолат  ба фаъолияти онҳо манъ аст». Муқаррароти мазкур амалу фаъолияти суд ва судяҳо,  мустақилияти  онҳо  ва  имконияти  пурраю  беғаразонаи татбиқи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд.  Ҳолати мустақилияти  судяҳо  яке  аз  талаботи асосии  давлати  ҳуқуқбунёд  буда,  барои  таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразонае, ки дар асоси Сарқонун  ва  қонунҳои  амалкунанда  таъсис  дода шудааст,  равона  гардидааст.  
Инчунин  мустақилияти судяҳо  ба  татбиқи усули баамалбарории  адолати судӣ аз ҷониби судяҳо асос меёбад.  Яке аз усулҳои дигари мурофиаи судӣ фаъолияти дастҷамъонаи суд дар марҳилаи якум, болоӣ ва ҳангоми  дида  баромадани  парванда  бо  сабаби  ошкор  шудани ҳолатҳои нав, инчунин фаъолияти танҳоии судя ҳангоми баррасии парвандаҳо ба шумор меравад.  
-Ҳокимияти  судӣ  дар  шакли  мурофиаи  судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба  амал  бароварда  мешавад.  Аз  ин  рў,  асосҳои фаъолияти  дастҷамъона  ва  ба танҳоии  баррасии парвандаҳоро  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ,  ҷиноятӣ ва  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ  ба  танзим медароранд,- иброз дошт судяи суди ноҳияи И. Сомонии пойтахт Отамшоҳ Раҷабов.
 
 
 
 

Май 13, 2014 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷавонони синни даъватӣ бо ихтисоси мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн ба хизмати Ватан мераванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд