СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Сентябрь 27, 2024 19:30

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосири демократӣ аз ҳуқуқҳои худ  озодона истифода бурда, дар тарғиби арзишҳои демократӣ масъулияти баланд дошта бошад. Ин нукта дар конференсияи  илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия-кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баргузор гардид, таъкид шуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳамоиш  ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Тарғиби Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии ифодагари арзишҳои демократӣ, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш буд.

Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии   Тоҷикистон Иззатулло Ҳурматзода иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудаанд. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад».

Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат  дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдоми пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам гардид. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул шуданд.

Таъкид гардид, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд.

Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлатдорӣ маъруза намуданд. Таъкид гардид, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024  ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун равона гардидааст.

Барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳама тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2024 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони таркиш дар Покистон ба 27 нафар расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар минтақаи Рашт бинои нави Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Ба толори алоқа барои вохӯрӣ бо ситораҳои футбол!
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон барои омодагӣ ба Конфронси пиряхҳо дар мулоқоти Гурӯҳи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Дабири кулли СММ баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад
Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷамъомади идона доир шуд
Нақш ва ҷойгоҳи Конуститутсия дар эъмори давлатдории миллӣ