Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин оператори имконияти нави рақамӣ дар яке аз ҷойҳои намоёни шаҳри Хуҷанд – истгоҳи мошинҳо, воқеъ дар оғози шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров толори фирмавӣ ифтитоҳ кард. Толор барои меҳмонон ва онҳое, ки ба Исфара ё Конибодом сафар мекунанд, муносиб аст. Аввалин муштарие, ки дар нуқтаи нави савдо ба шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» пайваст шуд, гӯшмонакҳои бесимро чун туҳфа қабул намуд.
Мушовирони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ҳалли ҳама гуна мушкилоти мобилӣ- аз интихоби тарофаи мувофиқ то танзими интернети босуръати мобилӣ кумак мекунанд. Дар толор инчунин метавон лавозимот, аз ҷумла дастгоҳи нерудиҳанда, гӯшмонакҳо, чехолҳо, адаптерҳо ва флеш-кортҳоро дастрас намуд.
Якчанд хизматрасонӣ на танҳо барои муштариёни оператор, балки барои ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ дастрас мебошанд. Масалан, хизматрасонии «Cash Out» имкон медиҳад, ки дар толорҳои алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» маблағи корти бонкӣ нақд карда шавад — барои ин шуморо танҳо зарур аст, ки бо худ шиноснома дошта бошед. Ба ғайр аз ин ҳамаи хоҳишмандон метавонанд замимаи мобилии МегаФон Life-ро боргирӣ намуда, истифода баранд. Мушовирони толор доир ба он ки чӣ тавр метавон бо ёрии «Ҳамён»-и замима чиптаҳои ҳавопаймову кинотеатрро дастрас намуд, автомобилро суғурта кард, интиқоли пулӣ анҷом дод ё маблағи хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намуд, маълумоти муфассал хоҳанд дод.
«Шабакаи чаканаи мо — хизматрасонии босифате аст, ки дар ҷойҳои мувофиқтарин дастрас мебошад. Толори нав комилан ба ин усул мувофиқат мекунад: акнун ҳар нафаре, ки дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров сафар дорад, метавонад оид ба хизматрасонии рақамӣ маслиҳат гирад», — мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов.
Толор дар истгоҳи мошинҳои «Хуҷанд»- нуқтаи 91-уми хизматрасонии оператор дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад. Суроғаи наздиктарин толори фирмавиро дар сомонаи ширкат пайдо кардан мумкин аст.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»