Бизнес-Форуми Тоҷикистону Лаҳистон
Душанбе, 06.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» дар доираи ҷаласаи VI Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Лаҳистон бо иштироки васеи соҳибкорони ҳарду ҷониб Бизнес-Форум баргузор гардид.
Дар кори Форум муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Асаналӣ Карамалиев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, роҳбари ҷониби гурӯҳи кории Тоҷикистон Умед Давлатзод ва муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Лаҳистон Анҷай Дих, ки роҳбарии ҳайати ин кишварро бар зимма дошт, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсади Форум ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати дорусозӣ, сохтмон, саноати сабук, энергетика, байторӣ, тандурустӣ, ҷалби сармояи Лаҳистон, таъсиси корхонаҳои муштарак, истифодаи иқтидори иқтисодиёти Лаҳистону Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи гардиши мол арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни Бизнес-Форум имкониятҳои сармоягузории тарафҳо муаррифӣ гардиданд. Дар интиҳои ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ ҷонибҳо санадҳои дахлдорро ба имзо расониданд.
Ширкатҳои лаҳистонӣ ҳамчунин дар кори намоишгоҳ-ярмаркаи 8-уми махсуси байналмилалии «ИнтерЛегПром-2014» иштирок менамоянд.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






