Хони тӯёна дар “Шаҳрисабз” ва “Истаравшан”

Июнь 17, 2014 11:18

           Душанбе, 17.06.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Роҳбарияти  чор  тарабхонаи пойтахт — “Истаравшан”, “Самандар”, “Шаҳрисабз” ва “Помир” дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ-27 июн аз худ  ташаббуси эҳсонкорӣ нишон дода, барои 90 ҷуфт арӯсу домоде, ки бо иқдоми шаҳрдории Душанбе тӯйи хонадоршавиашон баргузор мегардад, хони тӯёна меороянд.
      90 ҷавоне,  ки дар Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳанд, аз оилаҳои ниёзманди пойтахт буда, тӯяшон дар маросими ботантана ва дастаҷамъона дар бинои “Душанбе-Плаза”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ  барпо мегардад.
       Интизор меравад, ки аз ҷониби шаҳрдории пойтахт ба навхонадорон   ҳадяҳои тӯёна ва  пулӣ  тақдим гарданд. 
     Ҳамзамон дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи пойтахт  тӯйи суннатии 360 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоати чор ноҳияи пойтахт  барпо  мешавад. 

Июнь 17, 2014 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд