Нашри дастурҳои таълимӣ оид ба таҳсилоти фарогир
Душанбе, 30.06.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 28 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ доир ба муаррифии дастурҳои таълимии «Асосҳои таҳсилоти фарогир» ва «Таҳсилоти фарогир» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, макотиби олии мамлакат ва ташкилотҳои ҷамъиятию байналхалқӣ ширкат намуданд. Дастурҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интишор шудаанд.Тавре котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар ҳамоиш ҳамоҳангсози барномаи «Адолат дар низоми маориф»-и Институти «Ҷамъияти кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Манучеҳр Камолиддинов зикр намуд, ки ҳадафи китоб шиносонидани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, омӯзгорони оянда-таълимгирандагони макотиби олии омӯзгорӣ ва коллеҷҳои омӯзгорӣ бо назария ва амалияи таълиму тарбияи якҷояи кӯдакони солим ва кӯдакони ба таҳсилоти махсус эҳтиёҷманд мебошад.Инчунин таъкид гашт, ки дар шароити таҳсилоти фарогир ҳамаи кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ якҷоя таҳсил менамоянд. Ин муассисаҳо дар навбати худ босуръат тағйиру такмил меёбанд, ба тақозои таҳсилоти фарогир мутобиқ мешаванд ва барои ба инобат гирифтану таъмин намудани эҳтиёҷоти ҳар як кӯдак тамоми шароитро фароҳам меоваранд. Дастурҳои чопшуда ба маводҳои тадқиқоти масъалаҳои таҳсилоти фарогир асос ёфта, нишон медиҳад, ки хулосаҳои илмӣ ва тавсияҳоро оид ба беҳдошти ҷараёни таълиму тарбия чӣ тавр дар амалияи ҳамарӯзаи кор татбиқ намудан мумкин аст.Дар идомаи ҷамъомад гуфта шуд, ки дастурҳои таълимӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва мушовирони байналхалқӣ дар чорчӯбаи амалӣ гардидани Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 омода гардид, ки яке аз ҳадафҳои он таҷдиди барномаҳои нави таълимӣ дар асоси принсипҳои таҳсилоти фарогир ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводу дастурҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






