70 миллиард сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ
Душанбе,14.07.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 928 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 200 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмудинов оид ба фаъолияти нимсолаи Агентӣ иброз намуд. Шумораи умумии нафақагирон то 1 июли соли 2014 дар ҷумҳурӣ 616 ҳазору 868 нафарро ташкил менамояд, ки нисбати нимсолаи якуми соли гузашта 12 ҳазору 165 нафар афзоиш ёфтааст.Дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Агентӣ дар 11 корхонаву ташкилотҳо ва 10 раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар маҳалҳо истифодаи мақсадноки мабалғҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ ва дурустии таъйин ва бозҳисобии нафақаҳо мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи умумии 183 ҳазору 817 сомонӣ аз ҳисоби қарзи андози иҷтимоии инфиродӣ ба буҷети Агентӣ ворид карда шуд. Ҳамчунин дар 48 ҳолати нодуруст таъйин ва бозҳисобӣ намудани нафақа ба андозаи 84 ҳазору 287 сомонӣ маблағи аз меъёр зиёд таъйингардидашудаи нафақа ошкор гардид, ки маблағҳои зиёдпардохтшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт шуда истодаанд.«Минбаъд низ кормандони агентӣ барои амалӣ намудани сиёсати Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин супорише, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, яъне дар 7соли оянда ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона намудани 70 миллиард сомонӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизотӣ дар ҷумҳурӣ, то 20 фоиз корҳои заруриро ба анҷом расонида, тамоми чораҳоро меандешем, то ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таъмин ва ҳуқуқҳои ҳар як нафақахӯрро ҳифз намоем»,- зикр намуд Сафаралӣ Наҷмудинов.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






