780 зани варзишгари фаъол
Душанбе, 16.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирўз дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2014 бо ширкати муовини Сардори Раёсати илм, фарҳанг ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъмурзода А., Раиси Кумита Абдуллозода А. ва роҳбарону кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсату бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ доир гардид. Дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар нимсолаи аввали соли 2014, самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳо барои нимсолаи дуввум ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Нахуст Раиси Кумита ба таври фишурда аз фаъолият ва дастовардҳои соҳа давоми нимсолаи аввали соли 2014 сухан кард. Таъкид намуд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита ин татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб рафта, ҷабҳаҳои амалии онро Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2013-2015 ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 20-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Иттиҳоди ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар доираи ташаббусҳои Ассосиатсия тадбирҳои мушаххас аз қабили семинар, аксияву барномаҳои телевизионӣ ва дигар чорабиниҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт.Бо назардошти раисии ҷониби Тоҷикистон дар СҲШ давоми нимсола дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Фестивали ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ ва дар доираи Фестивал ҷаласаи Шўрои кор бо ҷавонони кишварҳои узви СҲШ дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ доир гардид. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 51 чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла 37 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 14 чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд, ки дар онҳо зиёда аз 5140 варзишагарон(780 занон) иштирок намуданд. Раиси кумита қайд намуд, ки бо назардошти фароҳам омадани шароит бобати баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ дар назар аст, моҳи август Чемпионати ҷаҳон оид ба таеквандо (ITF) бо ширкати наздики 600 нафар варзишгар аз 50 кишвар ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол байни наврасон барои Ҷоми Созмони ҳамкории Шанхай ба нақша гирифта шудааст. Раиси Кумита атрофи ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 — 2014, стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқ ва танзими сиёсати давлатӣ ва дастгирии туризм дар маҷмуъ аз тадбирҳои андешидашуда дар доираи барнома дар давраи миёнамўҳлат, таҳия ва амалгардии созишномаҳои ҳамкории соҳа ва дар ин замина натиҷаҳои ҳамкориҳои туристӣ бо кишварҳои хориҷӣ, роҳу васоити ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ сухан ронда, таъкид кард, ки пешравиҳо дар ин бахш назаррасанд. Гуфта шуд, дар доираи барнома давоми нимсола, бо мақсади рушди туризми дохиливу хориҷӣ чорабиниҳои мухталиф, аз қабили ширкат дар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, озмуну аксияҳо сўҳбату вохўриву шанбегиҳо сурат гирифтааст.Дар ин бора Мастура Нурзода корманди бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






