Ба ярмарка шитобед! Нархҳо нисбатан дастрас

Июль 23, 2014 09:19

Душанбе,23.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони идонаи шаҳрвандон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон рӯзҳои 25 ,26, ва 27 июл дар 24 маҳаллаи ноҳияи Фирдавсӣ, 20 маҳаллаи ноҳияи Сино, 17 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур ва дар маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ярмарка- фурӯши маҳсулоти хӯроквориро аз соати 5 то 8-и субҳ ташкил менамояд. Инчунин аз соати 18 то 21 1 литр шир 3 сомонӣ, шакар 4 сомонӣ, тухм барои 10 дона 6 сомонӣ, гӯшти гов 35 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4-4,5 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешаванд. Ҳамзамон дар ин рӯзҳо соати 8:00 то 17:30 аз ҷониби «Комбинати шири Душанбе» дар даромадгоҳи бозорҳои шаҳр шир бо нархи се сомонӣ, инчунин аз сӯи соҳибкорон 1 кг гӯшти гов 35 сомонӣ, гӯсфанд 36 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4-4,5 сомонӣ ва шакар 4 сомонӣ пешкаши харидорон гардонида мешаванд. Тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе дар тамоми бозорҳои пойтахт нархи 1 кг орди навъи якум то 2,7 сомонӣ, як халта орди 50 кг то 135 сомонӣ, нон (200 г) 1 сомонӣ, хлеб (400 г) 2 сомонӣ, 1 литр шир 3 сомонӣ, 1кг макарон 4,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи маҳаллӣ то 8 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4 — 4,5 сомонӣ, картошка то 1,7 сомонӣ, пиёз то 1,5 сомонӣ, сабзӣ то 2,5 сомонӣ, карам то 1,6 сомонӣ, гӯшти гов то 35 гӯшти гӯсфанд то 36 сомонӣ, помидор то 2 сомонӣ, бодиринг то 2,5 сомонӣ, 1 литр равғани пахта то 7 сомонӣ, 10 дона тухм то 6,5 сомонӣ, шакар 4 сомонӣ ба роҳ монда мешавад.

Июль 23, 2014 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад