Боздошти адвокати «Сипар»
Душанбе, 23.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-июли соли 2014 боз як ҳолати ҷинояти коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Тавре ки маркази матбуоти агентии мазкур иттилоъ медиҳад, Шӯҳрат Қудратов дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипар» кор карда истода, қасдан ва бо мақсади ғаразнок, ҳамчун таҳриккунанда, сӯиқасди додани пора ба шахси мансабдор барои анҷом додани ҳаракати ғайриқонунӣ дар ҳолатҳои зерин содир намудааст. Чунончӣ, ӯ ба ҳайси адвокат, ҳуқуқ ва манфиатҳои судшаванда Суламаев Амирали Нуралиевичро бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди баррасии судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ш.А. Низамов қарор дошт ҳимоя намудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ, Ш. Қудратов қасдан ва бо мақсади ғаразнок, мавқеи ғайриқонунии касбиро ишғол намуда, барои ба манфиати зерҳимояаш — судшаванда Амиралӣ Сулемаевро иҷро намудани амали ғайриқонунӣ, бо роҳи багапдарорӣ додани 2,500 доллари амрикоӣ ба сифати пора ба шахси мансабдор, яъне судя Ш.А. Низамов барои баровардани ҳукми сафедкунанда моил намудааст. Сипас судшаванда А. Н. Суламаев барои ба судя додани пора бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан ба таклифи таҳриккунандаи Ш. Қудратов розӣ шуда, сараввал санаи 18-июли соли равон тахминан соати 16-00 дақиқа дар назди бинои Суди ноҳияи И. Сомонӣ маблағи -1500 доллари амрикоӣ ва бори дуюм санаи 21-июли соли ҷорӣ, тахминан соати 10-55 дақиқа дар назди ошхонаи «Шаҳризода», воқеъ дар шафати бинои Суди ноҳияи И. Сомонӣ маблағи боқимондаи 1000 доллари амрикоӣ ва дар маҷмуъ 2,500 доллари амрикоиро ба сифати пора ба судя Ш.А. Низамов додан ба Шӯҳрат Қудратов шахсан супурд. Худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани амалиёти фаврӣ-тафтишотӣ, адвокат Ш.А. Қудратов ҳангоми аз судшаванда А.Н. Суламаев гирифтани маблағи 1000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса аз ҷониби кормандони агентӣ дастгир гардид, дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз ӯ далелҳои шайъӣ — 1000 доллари амрикоӣ ва 1400 доллари амрикоии қаблан гирифтааш, дарёфт ва гирифта шуд. Оид ба ҳодисаи мазкур, санаи 21 июли соли 2014 аз ҷониби Раёсати тафтишотии агентӣ нисбат ба Шӯҳрат Қудратов аз рӯи аломатҳои моддаҳои 36 қисми 4, 32 қисми 3 — 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад. Бо назардошти он, ки Ш. Қудратов дар содир намудани ҷинояти вазнин гумонбар дониста мешавад, айни замон ӯ дастгир шуда, дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ нигоҳ дошта мешавад.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






