Бозидиди Қ. Расулзода аз рафти сохтмонӣ роҳи оҳани Душанбе- Қўрғонтеппа
Душанбе, 18.07.2014 (АМИ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе Қўрғонтеппа қитъаи Ваҳдат-Ёвон шинос шуд.Сарвазири мамлакат аз ҷараёни корҳои сохтмони роҳ ва рафти омодасозии майдонҳои барои сохтмони роҳи оҳан пешбинишудаи самти ноҳияи Ёвон дидан кард. Дар ин минтақаи сохтмон корҳои тахту ҳамвор намоии доманаи кўҳҳо, омодасозии мавзеи бунёди нақбу пулҳо ва корҳои геологӣ идома дошта барои насб намудани қисматҳои асосии роҳи оҳан тадбирҳо андешида мешаванд.Корҳои пешбинишуда дар баъзе қитъаҳо мувофиқи мақсад буда, дар қитъаҳои алоҳида суръати сусти корҳо ба назар мерасанд. Сарвазири мамлакат мувофиқи мақсад набудани ташкили корҳои сохтмониро дар аксар мавзеҳои сохтмонӣ таъкид карда, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки то ба ҳол нақшаи тақвимии корҳо ва лоиҳаи харҷномаи умумии бунёди роҳ таҳия нагардидааст. Тавре таъкид шуд, маблағгузории корҳои сохтмонӣ аз ҷониби фармоишгар барои давраи муайян сад дар сад иҷро гардида, вале рафти азхуднамоии маблағҳои барои иҷрои корҳо ҷудогардида нигаронкунанда мебошанд. Айни ҳол дар қитъаҳои гуногуни сохтмони роҳи оҳан ташкилоту идораҳои сохтмонии ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонии байналмилалӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолият доранд. Қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе Қўрғонтеппа дар масофаи беш аз 40 киллометр бунёд гардида се нақб ва панҷ кўпруки ҳаҷман бузург ва дар баробари ин роҳ дар самти Ёвон дар қитъаҳои душворгузар бунёд гардида шумораи зиёди нақбу пулҳои нисбатан хурдро дар бар мегирад. Ҷараёни боздиди Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеи сохтмони роҳ дар ноҳияи Ёвон дар ҷаласаи ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ натиҷагирӣ карда шуд. Тавре таъкид гардид, сохтмони роҳи мазкур барои мамлакат аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, рафти бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим таҳти назорати доимии роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ дар ҷаласа барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сифати баланд ва дар вақти муқарраргардида сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи оҳан, ташкили дурусти кор , таҳия ва аз ташхиси давлатӣ гузароидани лоиҳаи харҷнома ва корҳои алоҳидаи сохтмонӣ, ташкили кор дар ҳама мавзеҳо дар се баст, афзун намудани техникаю таҷҳизотҳои корӣ ва шумораи сохтмончиён вазифадор гардиданд. Қарор дода шуд, ки минбаъд оид ба таҳлил ва назорати рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ ва сифати онҳо дар ҷамъбасти ҳар моҳ дар мавзеи сохтмон ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






