Дар Душанбе наздики 500 кг маводи мухаддир сӯзонида шуд
Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода)- Имрӯз дар Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва хабарнигорони дохилию хориҷӣ 455 кг 908 гр. маводи мухаддир чун далели шайъии 102 парвандаи ҷиноӣ, дар печи махсуси «Тоҷиктекстилмаш» бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд. Тавре ки сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷалолиддин Садриддинов дар сӯҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод, аз миқдори умумии мухаддироти сӯзондашуда, 75 килограмми он героин буда, ҳашиш -352 кг, афюн- 24 кг, бангдона- 28 кг ва 4 ҳ. 70 бех ниҳоли бангдона мебошад. Бояд зикр намуд, ки ҳиссаи бештари мухаддироте, ки сӯзонида шуд, ниҳоли бангдона (зиёда аз 4 ҳазор бех) буд, ки кормандони милитсияи кишвар дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ мусодира кардаанд. Маврид ба ёдоварист, ки аз аввали сол то инҷониб кормандони ВКД ҶТ 1 тоннаю 560 кг маводи мухадирро нобуд сохтанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






