Кӯмак ба ниёзмандон дар моҳи шарифи рамазон
Душанбе, 23.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар моҳи шарифи Рамазон ба ашхос ва оилаҳои ниёзманди минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳудуди 9 ҳазор бастаи маводи ғизои гармро ироа намудааст. Сайид Маҳдии Ибодӣ — раиси дафтари намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон мегӯяд, ки кӯмак ба ниёзмандон ва ашхоси барҷомонда дар моҳи шариф, яке аз фалсафаи бузурги моҳи Рамазон аст. Мавсуф афзуд, ки ин амали хайрро Кумитаи имдод дар мусоидат бо иддае аз шахсони саховатманди маҳаллӣ ва тоҷирони эронӣ дар моҳи Рамазон роҳандозӣ намудааст ва он то анҷоми моҳ идома дода мешавад. Ҳамзамон Кумитаи имдод 850 баста маводи ғизоӣ, ки иборат аз маводи хӯрока-макарон, биринҷ, шакар, равған ва хокаи либосшӯист ба оилаҳои ниёзмандон пешкаш намуд. Сайид Маҳдӣ Ибодӣ гуфт, ки: минбаъд фаъолияти Кумитаи имдод аз ҳимоят ба самти тавонманд кардани хонаводаҳо нигаронида мешавад. — «Солҳои қаблӣ ироаи маводи хӯрока ба мардуми кабизоат, яке аз самтҳои асосии фаъолиятамон маҳсуб меёфт. Дар шароити кунунӣ самти асосии фаъолияти мо ифтитоҳ ва ба роҳ мондани давраҳои омӯзишӣ, рӯ овардан ба истеҳсолот ва беҳдошти вазъи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд нигаронида шудааст», афзуд С. Ибодӣ. То имрӯз дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар Тоҷикистон беш аз 100 маркази ҳунаромӯзию истеҳсолӣ ҷиҳати эҳёи суннатҳои миллӣ, аз қабили сангтарошӣ, заргарӣ, омӯзиши компютер, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ лӯлакашӣ, гилембофӣ, кашфергарӣ таъсис дода шудааст. Ҷавононе, ки дар ин марказҳои касбомӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, дар оянда баъди хатми он ва соҳиби гувоҳнома гардидан, имкон доранд аз Кумитаи имдод қарзи бефоиз гиранд ва имкон пайдо менамоянд, ки дастгоҳе, аз ҷумла мошинаи дарздӯзӣ харида амалан кор кунанд, фармоиш гиранд ва маҳсули меҳнати худро ба фурӯш гузоранд ва аз он ҳисоб вазъи иҷтимоии оилаи худро беҳ намоянд. Раиси Кумитаи имдод мегӯяд, ки дар оянда теъдоди чунин марказҳои ҳунаромӯзӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон афзоиш дода хоҳад шуд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






