Кумита барои кормандонаш манзил месозад

Июль 14, 2014 11:19

Душанбе, 14.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандонаш бинои дуюми истиқоматии 6 ошёнадорро воқеъ дар кӯчаи Варзишӣ бунёд намояд.  Раҳмон Асадулло -раиси Кумитаи мазкур зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки алҳол зербинои ин иморати истиқоматӣ, ки хишти нахустини он соли 2009 аз ҷониби Президенти кишвар гузошта шуда буд, омода шуда, дар он корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Бинои бунёдшаванда дорои 72 ҳуҷра буда, дар солҳои наздик сохтмонаш ба анҷом расонида мешавад. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ афзуд, ки бинои мазкур барои кормандони Кумита, ки ба манзили зист эҳтиёҷ доранд, дода мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2009 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шафати ҳамин бинои бунёдшаванда бинои истиқоматии иборат аз 72 ҳуҷраро ба кормандонаш дар маросими ботантана бо иштироки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон супорида буд.

Июль 14, 2014 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад