Муҳокимаи муҳоҷирони меҳнатӣ — сокинони вилояти Суғд

Июль 22, 2014 08:45

Душанбе, 22.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 14- ум то 19 — уми июли соли ҷорӣ раиси чамъияти миллӣ-фарҳангии “Ҳамватан”-и тоҷикони вилояти Иркутски ФР Муриватшо Маликшоев бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилот ва муассисаҳои вилояти Суғд мулоқоту вохӯриҳо доир кард.Зимни баргузории ин мулоқотҳо масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — сокинони вилояти Суғд дар вилояти Иркутски Федератсияи Русия ва будубоши онҳо дар ин минтақа мавриди муҳокима қарор гирифт. Ичунин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҷлили бошукӯҳи 20 — умин солгарди Сарқонуни (Конститутсия)-и кишвар, 23 — солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва ташкили намоиши сарулибосҳои миллӣ ва ташкили барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикони ин вилоят баррасӣ гардид.Дар фарҷоми мулоқот қарор шуд, ки ҳайати вилояти Суғд ҷиҳати ташкил ва гузаронидани 20-солагии Сарқонун ва Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили намоишгоҳи сарулибосҳои миллӣ ба вилояти Иркутски ФР сафар намоянд.
 

Июль 22, 2014 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд