Мулоқоти Ш.Орумбекзода бо З.Бутаева

Июль 31, 2014 13:40

Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Доғистон Зарема Бутаева баргузор гардид.  Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, муҳтавои асосии ин мулоқот шиносоӣ буда, дар навбати худ тарафҳо ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Доғистон суханронӣ намуданд. Вазири фарҳанги Доғистон З.Бутаева дар доираи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Доғистон ва самтҳои фаъолияти фарҳангии он маълумоти муфассалро ироа намуда, ҳамзамон як лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои фарҳангиро ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ пешниҳод намуд. Шамсиддин Орумбекзода барои вусъати ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ миёни ду тараф изҳори ақида намуда, ҳамаи он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби меҳмон ироа шуданд, пазируфт ва онро хело муҳим арзёбӣ карда, афзуд, ки барои барқарор намудани ҳамкориҳо ягон навъ маҳдудияте вуҷуд надорад. Ҳамзамон, тарафҳо ба чунин хулоса омаданд, ки барои барқарор ва густариш додани муносибатҳои фарҳангӣ Созишнома оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ лозим аст ва ҷиҳати баррасӣ ва ба имзо расонидани он тариқи мақомотҳои дахлдори ҳарду кишвар дар рӯзҳои наздик ирсол хоҳанд кард.

Июль 31, 2014 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад