Мусобиқаи мубоҳисавии ҷоизаи «Ҷавонони пешсаф — 2014»

Июль 14, 2014 14:38

Душанбе, 14.07. 2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Мусобиқаи мубоҳисавии минтақавии ҷоизаи «Ҷавонони пешсаф — 2014» Маркази бозори озоди Тоҷикистон бо ҳамкори ба филиали Каунтерпарт Интернэшнл дар Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Оҷонcии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) ва Фонди пажӯҳишҳои иқтисодии «Атлас», ва иштироки Ташкилоти ҷамъиятии «Занони Шарқ» 19 июл дар шаҳри Панҷакент баргузор мекунад. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази бозори озоди Тоҷикистон иттилоъ доданд, аввалин маротиба ин гуна чорабинӣ дар шаҳри Панҷакент баргузор мегардад ва махсус барои иштирокчиени Барномаи ҷавонони пешсаф ташкил мешавад. Ин барнома — ташаббуси чорсола буда, мақсади он дастгирии ҷавонони фаъол, пешбаранда ва аз лиҳози иҷтимоӣ бохиради Тоҷикистон ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки мусобиқа аз рӯйи формати парламентии Мактаби Умумиҷахонӣ сурат мегирад ва ба мавзӯъҳои ичтимоиву-иқтисодӣ ва маъсалаи интихоби озод бахшида шудааст. Бинобар ин пеш аз мусобиқаи мубоҳисавӣ барои иштирокчиён тренинг оид ба формат ва техникаи мубоҳисавӣ гузаронида мешавад.Ба андешаи ташкилотчӣён, мақсади асосии ин мусобиқа — рушди ҳавасмандии ҷавонони минтақа барои ба даст овардани дониш ва мусоидат ба ташаккули шахсиятҳои нави шинохта равона шудааст.

Июль 14, 2014 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад