Н.Буриев: «Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст»

Июль 30, 2014 15:19

Душанбе, 30.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Русия дар бахши муомилоти тиҷорати хориҷӣ яке аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад», гуфт дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе Неъматҷон Буриев -муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ. Зикр гардид Тоҷикистон бо 88 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 кишвари хориҷи наздик ва 78 давлати хориҷи дур муомилоти савдои хориҷӣ дошта, дар ин давра гардиши савдои хориҷии кишварамон 2892,7 миллион долларро ташкил дод. Ин нишондоди оморӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 14,3 % зиёд аст.  Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар афзуд, ки дар ин давра ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Русия 34,5% , Қазоқистон 61%, Туркия 26,6, Эрон 14,7 % ва Чин 5,4 % баробар аст. Инчунин дар нимсолаи соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон 61,3 %, Қазоқистон 28,3 %, Чин 27, 4 % ,Туркия 14 % -ро ташкил медиҳад. Неъматҷон Буриев -гуфт, ки дар ин давра ба кишварамон молу маҳсулоте асосан ворид карда шудаанд, ки мардум ба он ниёзи бештар доранд. Хусусан ба Тоҷикистон воридоти маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ-техникӣ, сӯзишворӣ, чӯбу тахта, нақлиёти заминӣ, ашёи хом ва молҳои истеъмолӣ афзоиш ёфтааст.

Июль 30, 2014 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад