Р. Асадулло: «Мо аз кори на ҳамаи кормандонамон қаноатманд ҳастем»

Июль 11, 2014 14:25

Душанбе, 11.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Алҳол чор нафар кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва Беларус тавассути стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар курсҳои яксола, семоҳа ва думоҳа такмили ихтисос менамоянд. Раҳмон Асадулло-раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие, ки фаъолияти ин ниҳодро дар зарфи 6 моҳи соли равон натиҷагирӣ мекард, гуфт, ки чунин курсҳои такмили ихтисосро дар хориҷи кишвар ду нафар коргардонҳои Кумита хатм намуда, ба ҷумҳурӣ баргаштанд. Раҳмон Асадулло афзуд, ки баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои он пайваста дар мадди назари роҳбарияти Кумита қарор дорад ва мо аз кори на ҳамаи кормандонамон қаноатманд ҳастем.   Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъкид кард, ки ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани касбияти кормандони телевизион ва радио дар назди Кумита Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалӣ фаъолият мекунад, ки дар он дарси маҳорати суханварӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Июль 11, 2014 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?